Муҳаммад Ал-Бахитӣ: Ба ҳадаф қарор додани таъсисоти нефтии кишварҳои ҳамсоя идома медиҳем
(last modified 2022-03-12T14:01:35+00:00 )
Март 12, 2022 19:01 Asia/Dushanbe
  • Муҳаммад Ал-Бахитӣ: Ба ҳадаф қарор додани таъсисоти нефтии кишварҳои ҳамсоя идома медиҳем
    Муҳаммад Ал-Бахитӣ: Ба ҳадаф қарор додани таъсисоти нефтии кишварҳои ҳамсоя идома медиҳем

Узви Шӯрои сиёсии давлати наҷоти милли Яман таъкид кард, артиш ва нерӯҳои мардумӣ тавоноии ҳадаф қарор додани умқи хоки кишварҳои ҳамсояро доранд ва ҳадаф қарор додани таъсисоти нефтии душманон идома хоҳад дошт.

Артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо гузашти беш аз ҳафт сол аз таҷовузи эътилофи мутаҷовизи Саъудӣ ба ин кишвар зимоми умури майдониро дар ҷабҳаҳои мухталиф аз ҷумла марказ ва ғарби  Яман ба даст гирифтанд ва мушакҳо ва паҳбодҳои яманӣ ба кобуси саъудиҳо табдил шуда аст.

Ба гузориши Ал-Майёдин, Муҳаммад Ал-Бахитӣ узви сиёсии давлати наҷоти миллии Яман дар суханоне таъкид кард, сартосари хоки кишварҳои эътилофи мутаҷовизи саъудӣ дар тирраси артиш ва нерӯҳои мардумии Яман қарор доранд.

Ал-Бахитӣ афзуд: Дар оянда ҳадафҳои ҳасосро ба аҳдофи ҳамалоти худ изофа хоҳем кард ва кишварҳои мутаҷовиз медонанд, ки ин ба чи маъно аст.

Ин узви сиёсии давлати наҷоти миллии Яман бо таъкид бар ин ки Аморот амалиёти худро дар натиҷаи ҳамалоти Яман коҳиш дода аст гуфт: Кишвараш дар раванди ҳамалоти худ ғайринизомиёнро ҳадаф қарор намедиҳад ва аз сӯи дигар иқдомоти низомии Яман ҳеҷ иртиботе бо ҳеҷ таҳаввули байналмиллалӣ ба вижа Украина надорад ва дар сурати тангтар шудани ҳалқаи муҳосираи иқтисодӣ ҳазорон яманӣ ба сӯи ҷабҳаҳои ҷанг равона хоҳанд шуд.

Суханони Ал-Бахити дар ҳоле матраҳ мешавад, ки рӯзи гузашта Яҳё Сариъ, сухангӯи нерӯҳои мусаллаҳи Яман аз анҷоми як амалиёти густарда бо номи "Шикасти муҳосираи 1"  дар умқи хоки саъудӣ хабар дод ва гуфт: Нерӯҳои яманӣ дар ҷараёни ин амалиёт таъсисоти нефтии "Оромку" ва фурудгоҳи низомии "Абҳо"-и Арабистонро ҳадаф қарор доданд.

Ба гуфтаи Яҳё Сариъ амалиёти "Шикасти муҳосираи 1" дар вокуниш ба ташдиди ҳамалоти мутаҷовизонаи эътилофи саъудӣ, идомаи муҳосираи Яман ва низ монеъ шудани аз вуруди киштиҳои ҳомили сухт ба бандари Ал-Ҳудайда анҷом шуда аст. Ин амалиёт бо 9 паҳпод, ки 3-тои онҳо паҳподҳои Самод 3 буд иҷро шуд.

 

Бештар бихонед:

 

Барчасп