Апрел 12, 2022 10:36 Asia/Dushanbe
  • Муқовимат, танҳо гузинаи Фаластин муқобили Исроил

Узви аршади Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) гуфт, муқовимат ба рӯйкарди аслии мардуми Фаластин дар баробари режими Исроил табдил шудааст.

Юсуф Ал Ҳасоина тасреҳ кард, Аҳмад Ал Саъидӣ дар чорчӯби дифои мардуми Фаластин аз урдӯгоҳи оворагон дар Каронаи Бохтарии руди Урдун шаҳид шуд.

Аҳмад ҷавони фаластинӣ рӯзи шанбе дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона бо низомиёни саҳюнист дар атрофи урдӯгоҳ дар Каронаи Бохтарии руди Урдун, ба шаҳодати расид ва 13 фаластинӣ ҳам захмӣ шуданд.

Ин раҳбари аршади ҷумбиши Ҳамос таъкид кард, нерӯҳои муқовимат дар урдӯгоҳи Ҷанин ҳамвора дар ҳолати даргирии мусаллаҳона бо ишғолгарони саҳюнист ҳастанд ва муқовимат танҳо гузинаи коромади мардуми Фаластин аст.

Исмоил Ризвон, дигар узви аршади Ҳамос ҳам афзоиши муқовимат дар шаҳрҳои Каронаи Бохтариро хостор шуд ва аз мардуми Фаластини хост даргирӣ бо режими ишғолгари саҳюнистро ташдид кунанд.

Ҳамзамон бо оғози моҳи мубораки Рамазон режими саҳюнистӣ фишорҳо ва ҷиноёти худро алайҳи фаластиниҳо шиддат бахшидааст, ки ба афзоиши муқовимати фаластиниҳо дар баробари таҷовузот ва мавҷи тозаи амалиётҳои истишҳодӣ мунҷар шудааст.

 

Барчасп