Апрел 27, 2022 13:03 Asia/Dushanbe
  • Иқомаи намози ишо ва таровеҳи 65 ҳазор фаластинӣ дар Масҷидулақсо

Ҳудуди даҳҳо ҳазор фаластинӣ намози ишо ва таровеҳро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Масҷидулақсо ба унвони намоди аслии ҳувияти исломӣ - фаластинии Байтулмуқаддас шинохта мешаваду режими Исроил талош дорад ин муҳимро аз байн бибарад, аммо истодагиву ҳушёрии мардуми Фаластин режими Исроилро ноком гузошта ва бо шикаст рӯ ба рӯ кардааст.

Ба гузориши “Фаластиналявм”, идораи авқофи исломии Фаластин эълом кард, ҳудуди 65 ҳазор фаластинӣ шаби гузашта намози ишо ва таровеҳ (намозҳои суннат ва нофилае, ки аҳли суннат дар шабҳои моҳи Рамазон бо ҷамоат мехонанд) -ро дар Масҷидулақсо иқома карданд.

Ҳузури фаластиниҳо дар саҳнҳои Масҷидулақсо бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳои режими ишғолгар ва таҷовузот ба намозгузорону ташдиди авзоъ дар Масҷидулақсо аз оғози моҳи мубораки Рамазон, ба вижа дар Бобулъомуд сурат гирифт.

 

Барчасп