Боздошти беш аз 60 фаластинӣ дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Қудси ишғолӣ
(last modified Mon, 30 May 2022 06:55:29 GMT )
Май 30, 2022 11:55 Asia/Dushanbe
  • Боздошти беш аз 60 фаластинӣ дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Қудси ишғолӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар саркӯби тазоҳуротҳо ва эътирозоти фаластиниён ба баргузории роҳпаймоии парчам дар Қудси ишғолӣ беш аз 60 фаластиниро боздошт карданд.

Ба гузориши рӯзи душанбеи “Фаластиналявм”, низомиёни ишғолгари саҳюнист фаластиниёнро ба тарзи ваҳшиёнае мавриди ҳамла қарор дода ва бо шиллики густардаи гулӯлаву гази ашковар иқдом ба саркӯби онон карданд, ки тайи он даҳҳо нафар захмӣ шуданд.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин шумори маҷруҳони даргириҳо дар Қудсро 163 фаластинӣ эълом кардааст.

Ҳилоли Аҳмари Фаластин афзуд, 20 нафар аз маҷруҳон мавриди исобати гулӯлаи ҷангии низомиёни саҳюнист қарор гирифта ва захмӣ шуданд.

Гуфтанӣ аст, роҳпаймоии парчам дар ҳоле баргузор шуд, ки гуруҳҳои муқовимати Фаластин борҳо дар бораи табаоти роҳпаймоии парчами саҳюнистҳо дар Қудси ишғолӣ ба режими саҳюнистӣ ҳушдор доданд.

 

Барчасп