Август 21, 2022 10:39 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ 50 сохтмони фаластиниёнро вайрон кард

Дафтари ҳамоҳангкунандаи умӯри инсонии Созмони Миллал дар Фаластини ишғолӣ « УЧО » эълом кард, режими саҳюнистӣ дар ду ҳафтаи гузашта 50 сохтмонро дар Қудс ва Каронаи бохтарӣ тахриб кардааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Маркази иттилоърасонии Фаластин, дар гузориши « УЧО », ки ба сурати давраӣ мунташир мешавад, омадааст : Дар натиҷаи ин тахрибҳо 55 шаҳрванди фаластинӣ аз ҷумла 28 кудаки овора ва бесарпаноҳ ва 220 нафари дигар низ дучори зарар шуданд .
Ин ниҳоди байналмиллалӣ таъкид кард  режими саҳюнистӣ маъмулан хонаҳои фаластиниёнро ба баҳонаи надоштани муҷаввизи сохт тахриб мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки фаластиниён барои сохту соз дар заминҳои худ ҳатто агар дархости муҷаввиз ҳам дошта бошанд, режими саҳюнистӣ чунин муҷаввизе барои онон содир намекунад .

Дар гузориши мазкур ҳамчунин омадааст 12 сохтмон аз маҷмӯи сохтмонҳои тахрибшуда аз тариқи кумакҳои хориҷӣ сохта шуда буд.
Гуфтанӣ аст вазорати маскани Фаластин дар навори Ғазза, ки бар раванди бозсозии манозили осебдида назорат дорад, дар бораи хисорати воридшуда ба сохтмонҳову манозили Ғазза дар ҷанги ахир эълом кард дар ҷараёни ин ҷанг 18 воҳиди маскунӣ ба шакли комил тахриб шудааст ва 71 воҳид низ тавре дучори осеб шудаанд, ки ғайри қобили сукунат аст.Илова бар ин ба 1675 воҳиди маскунӣ низ хисоратҳое ворид шудааст.
 

 

Барчасп