Ноябр 21, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Дар Ҷнин низ низомиёни саҳюнистӣ як ҷавон ба номи  Зиёъ-Абу-Ҷумҳӯр-ро ба боздошти худ дароварданд
    Дар Ҷнин низ низомиёни саҳюнистӣ як ҷавон ба номи Зиёъ-Абу-Ҷумҳӯр-ро ба боздошти худ дароварданд

Манобеъи фаластинӣ аз даргирии пароканда байни ҷавонони фаластинӣ ва низомиёни саҳюнистӣ дар чанд минтақа дар Қудси ишғолӣ ва Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.

Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз аз рӯзи душанбеи вебгоҳи Шаҳоб Нюзи манобеъи Фаластин гузориш доданд якшанбе шаб даргири байни Фаластиниён ва низомиёни саҳюнист дар минтақаи Шореал-Вод дар бахши қадимии Қудси ишғолӣ ба вуқӯъ пайваст.

 Низомиёни  саҳнист дар ин даргири  ду ҷавон ба номҳои  Муҳаммад Абу Сабеҳ ва Аршадул Сабоҳро боздошт карда ва як ҷавони дигар ба номи  Ислом Алшарбатиро дар минтақаи Бобулсабот дар бахши қадимии Қудс мавриди зарб ва шатм қарор доданд.

Бар асоси ин гузориш, бархе аз нерӯҳои иттилоотии режими саҳюнистӣ ба маҳалаи Батналҳаво дар шаҳри Селвон воқеъ дар ҷанубӣ Масҷидул Ақсо юриш бурданд.

Дар Ромуллоҳ низ низомиёнӣ саҳюнистӣ як ҷавон  аз шаҳраки Кубер воқеъ дар шимоли Қудси ишғолиро дар ҳайни убур аз гузаргоҳи низҳомии Тайёр боздошт карданд.

Дар Ҷнин низ низомиёни саҳюнистӣ як ҷавон ба номи  Зиёъ-Абу-Ҷумҳӯр-ро ба боздошти худ дароварданд.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп