Беш аз ҳашт ҳазор кӯдаки яманӣ қурбонии ҳашт сол таҷовуз ба Яман
(last modified Thu, 24 Nov 2022 06:17:06 GMT )
Ноябр 24, 2022 11:17 Asia/Dushanbe
  • Беш аз ҳашт ҳазор кӯдаки яманӣ қурбонии ҳашт сол таҷовуз ба Яман

Шумори кӯдаконе ки дар тӯли ҳашт соли гузашта қурбонии таҷовузоти низомии Арабистон ба Яман шудаанд, ба ҳашт ҳазору саду шонздаҳ нафар, шомили шуҳадову захмиҳо расид.

Ба гузориши пойгоҳи интернетии “Алмаёдин”, Созмони мудофеи ҳуқуқи занону кӯдакон дар Санъо дар омору арқоме, ки ба муносибати фаро расидани рӯзи ҷаҳонии кӯдак мунташир кард, афзуд, аз оғози таҷовузи низомии Эътилофи Саудӣ ба Яман то кунун (ҳудуди ҳашт сол) се ҳазору ҳаштсаду шаст кӯдак шаҳид ва чаҳор ҳазору дусаду панҷоҳу шаш кӯдак низ захмӣ шудаанд.

Дар ин гузориш омадааст, 25 кӯдаки яманӣ низ аз замони иҷрои тавофуқи оташбас дар дувуми апрел то кунун бар асари бомбаҳову минаҳои боқимонда аз ҷангу таҷовуз ба шаҳодат расидаанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳудуди шаш ҳазор ғайринизомии яманӣ низ бар асари таҷовузи эътилофи мутаҷовиз маълул шудаанд, ки ҳудуди панҷ ҳазору панҷсаду панҷоҳу нуҳ нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Созмони мудофеи ҳуқуқи занону кӯдакон дар бахши омӯзишу таҳсил эълом кард, дастикам ду миллиону чаҳорсад кӯдаки яманӣ аз маҷмӯи даҳ миллиону шашсад кӯдаке, ки дар синни таҳсил (аз шаш то ҳафдаҳ сол) қарор доранд, ҳамчунон ба мактаб намераванд.

 

Барчасп