Интиқоди раиси Кабинаи Толибон аз расонаҳои ғарбӣ
(last modified Mon, 09 Jan 2023 06:59:52 GMT )
Январ 09, 2023 11:59 Asia/Dushanbe
  • Мулло бародар аз кишварҳои иломӣ хост тасвири дурусте аз вазъияти воқеъии Афғонистон ба мусалмонони ҷаҳон нишон диҳанд
    Мулло бародар аз кишварҳои иломӣ хост тасвири дурусте аз вазъияти воқеъии Афғонистон ба мусалмонони ҷаҳон нишон диҳанд

Муовини раиси Кабинаи Толибон, аз коркарди расонаҳои ғарбӣ дар қиболи масоили Афғонистон интиқод кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Мулло Абдулғанӣ Бародар муовини иқтисодии раиси Кабинаи Толибон рӯзи якшанбе дар дидор бо уламои се кишвари исломӣ Миср, Фаластин ва Судон бо интиқод аз коркарди раоснаи ғарбӣ дар қиболи масоили Афғонистон, тасреҳ кард: Ин расонаҳо тасвири манфи аз Афғонистон ироа мекунанд.

Мулло бародар аз кишварҳои иломӣ хост тасвири дурусте аз вазъияти воқеъии Афғонистон ба мусалмонони ҷаҳон нишон диҳанд.

Муҳаммад Алсағир раиси ҳайати уламои кишварҳои ёд шуда низ дар ин дидор бо табрик ба миллати Афғонистон балки барои уммати исломи як ифтихор аст.

Пеш аз ин ҳам ҳайати уламои Миср, Судон ва Фаластин бо Сироҷиддини Ҳақонӣ вазири кишвар ва Мавлавӣ Нидо Муҳаммаднадим вазири омӯзиши олии Толибон дидор ва дар бораи масоили ҷаҳони ислом ва зарурати ваҳдат ва ҳамбастагии мусалмонон дидор ва гуфтугу карда буд.

Бештар бихонед: