Мушорикати 70 ҳазор фаластинӣ дар намози ҷумъаи Масҷидулақсо
Бо вуҷӯди ташдиди тадобири амниятии низомиёни режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва маҳдӯдияти тараддуд дар вурӯдиҳои ин шаҳру хиёбонҳои он, даҳҳо ҳазор намозгузори фаластинӣ дар Масҷидулақсо намози ҷумъаро баргузор карданд.
Неруҳои саҳюнистӣ бо эъмоли маҳдӯдиятҳо ва бастани хиёбонҳо ва истиқрор дар нуқоти мухталифи шаҳр, аз расидани намозгузорон ба Масҷидулақсо ҷилавгирӣ карданд, бо ин ҳол тибқи эъломи Идораи авқофи исломии Қудс, 70 ҳазор намозгузори фаластинӣ намози ҷумъаро дар Масҷидулақсо иқома карданд.
Шайх Акрама Сабрӣ, хатиби Масҷидулақсо дар суханоне дар ҷамъи намозгузорон бо маҳкӯм кардани шеваҳои режими саҳюнистӣ барои саркӯби асирони фаластинӣ, таъкид кард, асирони фаластинӣ аҳкоми золимонаеро, ки Британия дар замони истеъмори Фаластин вазъ карда буд, намепазиранд.
Вай бо ишора ба таҳдидот алайҳи Масҷидулақсо бавижа дар моҳи Рамазон, бар ҳаққи шаръии мусулмонон таъкид карду масъулони саҳюнистро масъули ҳар навъ таниш ва иҳонат ба ин макони муқаддас донист.