Норизоятии алҷазоириҳо аз афзоиши нархи колоҳои асосӣ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i100722-Норизоятии_алҷазоириҳо_аз_афзоиши_нархи_колоҳои_асосӣ
Афзоиши нархи колоҳои асосӣ дар Алҷазоир, боиси норизоятии мардуми ин кишвар шудааст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Апрел 09, 2023 15:55 Asia/Dushanbe

Афзоиши нархи колоҳои асосӣ дар Алҷазоир, боиси норизоятии мардуми ин кишвар шудааст.

Ба гузориши шабакаи Алҷазира, нархи ҳамаи колоҳои зарурӣ дар Алҷазоир аз ибтидои моҳи мубораки Рамазон дар ҳоле афзоиши чашмгире дошта, ки ин масаъла мунҷар ба норизоятии мардуми ин кишвар шудааст.

Бар асоси ин гузориш, давлати Алҷазоир тадобиреро барои муқобила бо афзоиши нархи колоҳо иттихоз карда, ки аз ҷумлаи онҳо эҷоди бозорҳои муваққат барои таъмини афзоиши тақозо ва низ арзаи бахше аз захоири роҳбурдии колоҳо ба бозор аст.

Ҷамъияти бозаргонон ва баъзе аз коршиносон дар заминаи хурдафурӯшӣ бар лузӯми густариши бозорҳои созмондиҳӣ шудаи хурдафурӯшӣ барои кантроли нархҳо ва костан аз таъсири бозорҳои хориҷ аз созмондиҳӣ таъкид карданд.