Апрел 17, 2023 09:45 Asia/Dushanbe
  • Путин: Ҳамкории низомии Русия ва Чин ба тақвияти амниятии ҷаҳонӣ кумак мекунад
    Путин: Ҳамкории низомии Русия ва Чин ба тақвияти амниятии ҷаҳонӣ кумак мекунад

Владимир Путин раисиҷумҳӯри Русия гуфт: Ҳакориии низомии Маскав ва Пекин ба тақвияти амнияти ҷаҳонӣ ва минтақаӣ ва таҳкими муносиботи роҳбӯрдии дукишвар кумак мекунад.

Равобити низомии Чин ва Русия дар солҳои ахир дар сатҳи болое ҳифз шуда ва пешрафтҳои ҷиддӣ дар иртиботи роҳбӯрдӣ, тамринҳои муштарак ва ҳамкориҳои амалгароёна ҳосил шудааст.

Ба гузориши Ирно, Путин якшанбе шаб пас аз дидор бо Ли Шангфу вазири дифоъии Чин дар Маскав изҳор кард: Дар ҳоли ҳозир ҳамкории низомӣ-фаннии Чин ва Русия бо пуйёи зиёде дар ҳоли  рушд аст, ки ин ҳамкори ба амнияти ваҳонӣ ва минтақаӣ кумак мекунад.

Вай афзӯд: Ҳамкории низомӣ ду кишвар ҳичунин боиси тақвияти муносиботи мубтанӣ бар эътимод ва роҳбӯрдии дукишвар мешавад.

Дар ин дидор ҳамчунин Сергей  Шойгу вазири дифоъи Русия низ ҳузӯр дошт.

Интизор меравад Ли ва Шойгу дар гуфтугӯҳои худ дар бораи вазъият ва чашмандози ҳамкориҳои дуҷониба дар ҳавзаи дифоъӣ ва ҳамчунин мавзӯъоти муҳими амниятии ҷаҳонӣ ва минтақаӣ гуфтугӯ кунанд. Ин аввалин сафари хориҷии Ли пас аз ба даст овардани симати вазири дифоъии Чин дар моҳи март аст.