Хисорати сели рӯзҳои ахир дар шимолу шарқи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i1027-Хисорати_сели_рӯзҳои_ахир_дар_шимолу_шарқи_Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз вайрон шудани чандин хона ва маркази тиҷорӣ дар пайи сели ахир, дар шимолу шарқи ин кишвар хабар дод.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 30, 2016 20:05 Asia/Dushanbe
  • Хисорати сели рӯзҳои ахир дар шимолу шарқи Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз вайрон шудани чандин хона ва маркази тиҷорӣ дар пайи сели ахир, дар шимолу шарқи ин кишвар хабар дод.

Ба гузориши сойти Кумитаи мавқеъиятҳои изтирории Тоҷикистон, бориши борони шадид ва ҷорӣ шудани сел дар рӯзҳои ахир дар ноҳия Ашти вилояти Суғд, беш аз 10 километр роҳ, чанд хона ва мағозаро вайрон ва хутути интиқоли барқро қатъ кардааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Рашт низ чаҳор хона, ду пул, 15 маврид аз таъсисоти зербиноӣ ва бахше аз хутути интиқоли барқ тахриб шудааст.

Ин кумита таъкид кардааст, ки бориши борони шадид ва сели ахир талафоти ҷонӣ надошта ва мақомҳои ин ниҳод дар ҳоли баррасии мизони хисороти ворида ҳастанд.

Дар ҳоли ҳозир бар асари резиши кӯҳ дар масири Душанбе - Хуҷанд, иртиботи ҷоддаии марказ ва шимоли Тоҷикистон қатъ шудааст.

Мақомоти шаҳрдории Душанбе низ эълом кардаанд, ки дар пайи резиши кӯҳ дар наздикии деҳаи Ҳӯшёрӣ дар ноҳияи Варзоб, интиқоли оби ошомиданӣ ба сокинони шаҳри Душанбе маҳдуд шуда ва то бартараф шудани ин мушкил ба бахшҳое аз пойтахти Тоҷикистон бо истифода аз мошинҳо обрасонӣ хоҳад шуд.