Таҳлил: Таъкиди Лавров бар ҳимояти фаъолонаи Амрико аз ДИИШ ва Алқоида дар Афғонистон
(last modified 2023-06-07T14:13:28+00:00 )
Июн 07, 2023 19:13 Asia/Dushanbe
  • Сергей Лавров
    Сергей Лавров

Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия рӯзи душанбе дар ҷараёни боздид аз пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки Амрико фаъолона аз ДИИШ ва Алқоида ва иқдомоти бесуботкунанда, ҳамсӯ бо манофеи худ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

 

Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия

Вай таъкид кард, ки изҳороти Монуэл Микаллер, сафири Амрико дар Тоҷикистон мабнӣ бар ҳимояти Вашингтон аз гуфтугӯ ва парҳез аз хушунат дар Афғонистон дурӯғи дипломотӣ аст. Лавров гуфт: Ба таври қатъӣ мушаххас аст, ки Амрико аз неруҳои бозмондаи ДИИШ, Алқоида ва дигар гуруҳҳои террористии вобаста ба онҳо ҳимоят мекунад.

Русия борҳо аз ҳимояти мустақими Вашингтон аз ДИИШ дар замони ҳузури низомӣ дар Афғонистон ва низ пас аз он хабар дод ва ин иқдомро ба шиддат мавриди интиқод қарор додааст. Аз дидгоҳи Маскав ҳадафи Амрико идомаи бесуботӣ дар Афғонистон ва низ тақвияти гуруҳҳои террористӣ дар ин кишвар, аз ҷумла ДИИШ ва Алқоида аст.

Лавров дар ин замина бо ишора ба амалкарди мушобеҳи Амрико дар Қафқози Ҷанубӣ дар поёни даҳаи гузашта таъкид кард, ки ҳадаф ин аст ки иҷоза надиҳанд Афғонистон ором шавад. Вай муътақид аст, ки ин ба нафъи Амрико аст, ки бархе аз фарояндҳои бесуботкунанда доиман дар ин кишвар иттифоқ меафтад.

Шавоҳиди қатъӣ нишон медиҳад, ки Амрико нақши калидӣ дар барпоӣ ва рушди гурӯҳакҳои террористии такфирии ДИИШ дар ростои муқобила бо меҳвари муқовимат ифо намуда ва талошҳои мустамарн дар густариши фаъолияти ДИИШ дар Ироқ ва Сурия ва сипас дар Афғонистон доштааст. Шавоҳиди густарда ва мустанаде дар ин замина вуҷуд дошта ва ҳикоят аз иқдомоти барномарезишудаи Вашингтон дорад.

Амрико наметавонад бар нақши худ дар пайдоиши ДИИШ сарпӯш бигузорад.  Амрико ба унвони сардамдори Ғарб ба ҳамроҳи шарикони ғарбӣ ва арабии худ ба пуштибонӣ ва ҳимоят аз террористҳои такфирӣ, аз ҷумла ДИИШ иқдом кард ва ба ин гуруҳакҳои террористӣ ба мисли абзоре барои майл ба аҳдофи худ нигарист.

Пас аз шикастҳои пай дар пайи ДИИШ дар Сурия ва Ироқ, Вашингтон ба тақвияти ин гуруҳакҳои террористӣ дар Афғонистон пардохт то ба ин тартиб заминаи эҷоди ноамнӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистонро фароҳам овард.

Вашингтон дар бораи Афғонистон низ то қабл аз хуруҷ аз ин кишвар бо пуштибонӣ аз террористҳои ДИИШ барои зарба задан ба кишварҳои мухолиф ва рақиби худ, ки ҳамҷавори Афғонистон ҳастанд, ҳамин равияро дунбол мекард.

Замир Кабулов намояндаи раиси ҷумҳурии Русия дар умури Афғонистон дар охири августи соли 2021 изҳор дошт: Неруҳои амрикоӣ ва мутаҳидони ин кишвар дар Афғонистон бо гурӯҳи террористии ДИИШ иртибот дошта ва бо онҳо ҳамкорӣ мекард, акнун Амрико бо идомаи ҳимоят аз ДИИШ ва низ Алқоида, ба вижа қасди зарба задан ба Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Эрон, аз тариқи бесубот сохтан ва афзоиши ноамнӣ дар Афғонистонро дорад.

Масъалаи муҳим ин ки дар дохили Амрико низ сиёсатмадорони аршади ин кишвар ба нақши Вашингтон дар шаклгирӣ ва густариши ДИИШ эътироф намуданд. Дар ин росто, Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии собиқи Амрико суханони ҷанҷолӣ дар бораи нақши мустақими Барак Абама, раиси ҷумҳур ва Ҳиллари Клинтон, вазири хориҷаи собиқи Амрико дар шаклгирии ДИИШ дорад.

Трамп дар суханронии интихоботии худ дар январи соли 2016 гуфта буд: Абама ва Клинтон афроди ғайрисодиқ ҳастанд, онҳо ДИИШ-ро ба вуҷуд оварданд. Ҳиллари Клинтон ба ҳамроҳи Абама ДИИШ-ро ба вуҷуд овардааст.

Ҳамчунин Роберт Кеннеди, сиёсатмадори 61 солаи амрикоӣ ки барои ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли ояндаи Амрико эъломи ҳузур кард ва рақиби Ҷо Байден дар ҳизби демократ аст, изъон кард, ки Амрико гуруҳи террористии ДИИШ-ро эҷод кардааст. Роберт Кеннеди дар суханони гуфт: Мо ду миллион овораро равонаи  Аврупо кардем ва заминасози бесуботии демкратия дар онҷо шудем, ки мунҷар ба Брекзит шуд.

Изҳороти Трамп ва Роберт Кеннеди дар воқеъ тайид бар иттиҳомоте аст, ки борҳо аз сӯи сарони бархе кишварҳои ҷаҳон монанди Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар бораи нақши мустақими Кохи Сафед дар шаклгирӣ ва иқдомоти ДИИШ баён шудааст.

Барчасп