Июн 08, 2023 16:51 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи номзади раёсати ҷумҳурии Амрико ба даст доштани Вашингтон дар куштори мардуми Украина

Номзади демократи раёсати ҷумҳурии Амрико эълом кард мақомоти Иёлоти Муттаҳида Украинаро " ба як кушторгоҳ " табдил карданд, ки дар он артиши Украина 350 ҳазор нафар аз афроди худро аз даст додааст .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,Роберт Кеннеди Ҷуниор-номзади интихоботи муқаддамотии раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико аз ҳизби Демократ эътироф кард : " Мо Украинаро ба кушторгоҳе табдил кардем, ки 350 ҳазор ҷавони украиниро куштааст " . Ин сиёсатмадор таъкид кард, ки ин Иёлоти Муттаҳида буд, ки кӣ Европаро ба даргирӣ алайҳи Русия кашонд . Ин номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ иброз кард, ки навмуҳофизакорон дар Кохи Сафед муддати даҳ сол ин даргириро тадорук дида ва таҳрик кардаанд.
Роберт Кеннеди Ҷуниор ахиран ҳам фош кард Амрико озмоишгоҳҳои биологӣ дар саросари ҷаҳон аз ҷумла Украина дорад ва дар ҳоли тавсеаи анвоъи силоҳҳои биологӣ аст.
 

 

Барчасп