Июн 20, 2023 10:59 Asia/Dushanbe
  • Марде дар Зеландияи нав бо табар ба ҷони муштариёни се ресторани чинӣ афтод

Ин ҳамла душанбешаб ба вақти маҳаллӣ ва дар « Окленд »-бузургтарин шаҳри Зеландияи нав рух доду захмиҳо ба бемористон мунтақил шуданд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, мақомҳои ду бемористон гуфтанд, ки яке аз захмиҳо мурраххас шуд ва се нафари дигар дар вазъияти пойдоре ҳастанд .
Як шоҳид гуфт, ки вай бо дӯсташ машғӯли сарфи шом буд, ки фарди зориб вориди ресторан шуд ва дӯсташро захмӣ кард .
Полиси Зеландияи нав эълом кард, ки фарди ҳамлакунанда як марди 24 сола аст, ки боздошт шудааст .
Полис ҷузъиёте дар мавриди ангезаи фарди зориб мунташир накард.
Соли 2021 низ фарде ба муштариёни фурӯшгоҳе дар Окленд ҳамла ва 6 танро захмӣ кард.

 

Барчасп