Ғарқ шудани қойиқи ҳомили муҳоҷирон дар савоҳили Тунис
Як қойиқи ҳомили муҳоҷирон дар обҳои савоҳили Тунис ғарқ шуд ва ин ҳодиса талафоте барҷой гузоштааст.
Кишварҳои шимоли Африқо, аз ҷумла Тунис ва Либӣ ба иллати наздикӣ ба Аврупо ба марокизи интиқоли муҳим барои паноҳҷӯён табдил шудаанд, ки талош мекунанд барои фирор аз фақру ҷанг дар кишварҳояшон, худро ба Аврупо бирасонанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, мақомҳои қазоӣ ва маҳаллии Тунис эълом карданд, ки имрӯз - якшанбе бар асари ғарқ шудани як қойиқи ҳомили муҳоҷирон дар обҳои савоҳили ин кишвари африқоӣ то кунун як нафар кушта ва ҳаддиақал 10 нафари дигар нопадид шудаанд.
Ба гуфтаи мақомҳои қазоӣ ва маҳаллии Тунис, неруҳои имдодии ин кишвари африқоӣ 11 сарнишини қойиқи ҳомили муҳоҷиронро, ки дар обҳои савоҳили Тунис ғарқ шуд, наҷот додаанд.