Декабр 25, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Боздошти шумори зиёде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия

Вазорати кишвари Туркия аз боздошти беш аз ҳазор корбари шабакаҳои иҷтимоӣ ба иттиҳоми ҳимоят аз созмонҳои террористӣ ва ё тавҳин ба мақомҳои давлати Анкара хабар дод.

Вазорати кишвари Туркия дар баёнияе эълом кард: Нерӯҳои амниятӣ ҳазору 656 танро таи шаш моҳи гузашта ба иттиҳоми ҳимоят аз созмонҳои террористӣ ва ё тавҳин ба мақомҳои ин кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ боздошт кардаанд. Дар баёнияи Вазорати кишвари Туркия ҳамчунин омадааст, ки мақомҳои амниятӣ дар ҳоли таҳқиқ ва баррасии фаъолиятҳои интернетии 10 ҳазор тани дигар ҳастанд.

Муқобила бо корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия дар ҳолест, ки шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумлаи аҳрумҳои Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия барои хунсо кардани тавтеаи кудатои нофарҷоми моҳи июл дар ин кишвар будааст. Раҷаб Тайиб Эрдуғон аз тариқи барномаҳои Твиттер ва Фейсбук ва Фейстайми як гушии ҳушманд, паёми видеоии худро барои мардуми Туркия ирсол кард ва мардум низ бо шунидани паёми раисҷумҳур ба хиёбонҳо омаданд ва нақшаи кудаточиёнро хунсо карданд.

Боздошти корбарони интернетӣ нишон медиҳад, ки баъд аз бурузи кудатои нофарҷоми моҳи июл дар Туркия, арсаи озодиҳои баён ҳар рӯз тангтар мешавад. Ин дар ҳолест, ки ниҳодҳои байналмилалии мудофеи ҳуқуқи башар Туркияро бузургтарин зиндони хабарнигорон тавсиф кардаанд. Дидбони ҳуқуқи башар, ки мақарри он дар Ню-Йорк аст,  авоили соли ҷорӣ бо интишори гузорише аз вазъияти дохилии Туркия эълом кард, демократия дар Туркия рӯ ба уфул ва чашмандози ояндаи ин кишвар ғамангез ва торик аст.

Боздошти густардаи корбарони интернетӣ дар Туркия дар ҳолест, ки пеш аз ин садҳо ҳазор тан аз атбои ин кишвар ба занни мушорикат дар кудато ва ё тамоюл ба андешаҳои Фатҳуллоҳ Гулен, раҳбари маънавии нурчиҳои Туркия, аз кор барканор ё таълиқ шудаанд. Зимни онки беш аз сад ҳазор тан аз атбои Туркия дар артиш, марокизи омӯзишӣ ва идороти давлатӣ кори худро аз даст додаанд. Батавре, ки ахиран эълом шудааст, Туркия бо камбуди нерӯи инсонии таълимдида дар артиш ва марокизи омӯзишӣ мувоҷеҳ аст.  

Раисҷумҳури Туркия натавонистааст, бар авзои кишвар бавижа дар заминаи барқарории амният пас аз кудатои нофарҷом мусаллат шавад. Террори ахири сафири Русия дар Анкара аз ҷумлаи масодиқи ноамнӣ дар Туркия аст. Дар ин шароит, мудохилоти артиши Туркия дар бархе аз кишварҳои ҳамсоя идома дорад ва даргирӣ бо Ҳизби коргарони Курдистони Туркия ПКК ҳамчунон ҷарён дорад. Дар ин ҳол, гузоришҳои расмии марокизи давлатии Туркия аз коҳиши сармоягузориҳои хориҷӣ ва фирори сармояҳои хориҷӣ ҳикоят дорад.

Дар ин шароит, шикоф миёни ақшори мухталифи мардум бештар шудааст ва ақшори осебпазири Туркия дар вазъияти бисёр номуносибе зиндагӣ мекунанд. Бадеҳист, ки бо идомаи раванди ҷорӣ, илова бар мушкилоти сиёсӣ, иҷтимоӣ, таҳти таъсири мушкилоти ношӣ аз равобит бо кишварҳои ҳамсоя, масоили иқтисодии мардуми Туркия низ бештар хоҳад шуд. Бо вуҷуди иттилои Ҳизби ҳокими Туркия аз ин воқеиятҳо, давлати Анкара бо идомаи боздоштҳои мухолифон, дар амал фишор бар мардуми Туркияро ташдид кардааст.