Маҳкӯмияти беэҳтиромӣ ба Қуръони карим дар Африқои ҷанубӣ
(last modified Tue, 25 Jul 2023 06:53:51 GMT )
Июл 25, 2023 11:53 Asia/Dushanbe
  • Маҳкӯмияти беэҳтиромӣ ба Қуръони карим дар Африқои ҷанубӣ

Мусулмонони Африқои ҷанубӣ ҳатки ҳурмат(беэҳтиромӣ)и Қуръони каримро дар Аврупо маҳкӯм карданд.

Пас аз онкӣ ба тозагии як шаҳрванди шветсиявӣ барои дуюмин бор зарфи чанд ҳафтаи ахир ба соҳати муқаддаси Қуръони карим иҳонат кард, як гуруҳи рости ифротӣ дар Дания низ нусхае аз ин Китоби муқаддасро муқобили сафорати Ироқ дар Копенгаген сӯзонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мусулмонони Африқои ҷанубӣ аз давлати ин кишвар хостаанд, то баёнияе дар маҳкӯмияти пайдарпаи ҳатки ҳурмати Қуръони карим дар ّАврупо содир кунад .
Онҳо бо таъкид бар ин ки Қонуни асосии ин кишвар ҳуқуқи ақаллиятҳои диниро ба расмият мешиносад давлатро ба дифо ва посдорӣ аз арзишҳои динӣ муваззаф карданд.
Мусулмонони Африқои ҷанубӣ ҳамчунин иттиҳоду инсиҷоми кишварҳои африқоиро дар маҳкӯмияти тавҳин ба Қуръон дар Аврупо зарурӣ хонданд.
Мусулмонони ин кишвари африқоӣ иқдоми бархе аз давлатҳои ғарбӣ дар беэҳтиромӣ ба китоби муқаддаси мусулмононро ба баҳонаи озодии баён нишонгари нифоқу дуруии қудратҳои ғарбӣ донистанд.
Давлатҳои ғарбӣ бо ҳимоят аз ин гуна иқдомоти зиддиисломӣ заминаи тавҳин ба муқаддасоти мусулмононро фароҳам мекунанд.

Бештар бихонед :