Октябр 10, 2023 18:52 Asia/Dushanbe
  • Байден ба саволоти бозпурси вижа дар бораи нигаҳдории санадҳои маҳрамона посух дод
    Байден ба саволоти бозпурси вижа дар бораи нигаҳдории санадҳои маҳрамона посух дод

Кохи Сифед бомдоди сешанбе эълом кард Ҷо Байден раиси Ҷумҳурии Амрико бо бозпурси ки дар бораи пайдо шудани санадҳои табақаи бандишуда дар хона ва дафтари кори шахсии вай пайдо шуда гуфтугу ва ба саволоти вай посух дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ин мусоҳиба дар рузҳои якшанбе ва душанбе ба вақти маҳаллии Амрико ва ба сӯрат довталабона анҷом шуд.

Додситони кули Амрико дар моҳи январ бозпурси вижае таъин кард то дар мавриди нигаҳдории санадҳои маҳрамонаи тавассути Байден дар замоне ки муовини Барак Обамо раиси Ҷумҳурии пешини Амрико буд таҳқиқ кунад.

Гумоназаниҳои расонаҳои Амрикоӣ ҳокӣ аз он аст мусоҳибаи Байден нишон медиҳад ки ин таҳқиқот ба поёни худ наздик шудааст.

Тими бозпурси вижаи ин таҳқиқот пеш аз ин мусоҳибаҳои густарда бо коркунони Байден анҷом дода буд.

Барчасп