Ҳания аз мавзеи Русияву Чин дар ветои қатъномаи Амрико дар Шӯрои амният қадрдонӣ кард
(last modified 2023-10-26T08:35:18+00:00 )
Октябр 26, 2023 13:35 Asia/Dushanbe
  • Ташаккури Ҳания аз ветои Русия ва Чин
    Ташаккури Ҳания аз ветои Русия ва Чин

Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии Ҷумбиши муқовимати исломии ҲАМОС дар баёнияе аз мавзеи Русияву Чин дар Шӯрои амният ва ветои қатъномаи Амрико дар ҳимоят аз режими ишғолгари саҳюнистӣ қадрдонӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, Исмоил Ҳания ҳамчунин аз тамоми кишварҳои узву ғайриузви Шӯрои амният, ки хостори таваққуфи фаврии ҳамалоту ҷиноёт алайҳи мардуми Ғазза шуданд, тақдиру ташаккур кард.

Ҳания аз ҷомеаи байналмилал дархост кард, режими саҳюнистиро ба риояти ҳуқуқи башар ва иҷрои қавонину қатъномаҳои байналмилаливу инсонӣ дар ҳаққи миллати Фаластин, ба вижа мардуми Ғазза мулзам намояд.

Русияву Чин қатъномаи Амрико дар бораи Ғазза дар Шӯрои амниятро, ки ба нафъи режими саҳюнистӣ буд, вето карданд.

Дар ин қатънома ба ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ишора шуда, аммо таваққуфи ҳамалоту ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Ғазза матраҳ нашудааст.

 

Барчасп