Таъкиди Путин бар лузӯми таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар Ғазза дар нишасти БРИКС
(last modified 2023-11-22T05:45:04+00:00 )
Ноябр 22, 2023 10:45 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Путин бар лузӯми таваққуфи ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар Ғазза дар нишасти БРИКС

Раисиҷумҳури Русия дар нишасти фавқулоддаи гуруҳи БРИКС бар лузӯми таваққуфи ҷиноёту ҳамалоти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён дар Ғазза таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Владимир Путин рӯзи сешанбе дар нишасти маҷозии гуруҳи БРИКС ҳамчунин сиёсатҳои хасмона ва ҳимояти давлати Амрико аз ҷиноёту ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Борикаи Ғаззаро омили ташдиди буҳрони ин борика тавсиф кард.

Нишасти маҷозии кишварҳои узви БРИКС, ки Сирил Рамафоса, раисиҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ раёсати онро бар ӯҳда дорад, бар вазъияти Ғарби Осиё, аз ҷумла Борикаи Ғазза мутамаркиз аст.

 

Барчасп