Путин: Эрон калиди дастрасии АвруОсиё ба ғарб ва ҷануби Осиё аст
(last modified Tue, 26 Dec 2023 07:21:46 GMT )
Декабр 26, 2023 12:21 Asia/Dushanbe
  • Путин: Эрон калиди дастрасии АвруОсиё ба ғарб ва ҷануби Осиё аст

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия зимни табрик ба сарони кишварҳои узви иттиҳодияи АвруОсиё бобати имзои мувофиқатномаи тиҷорати озод бо Эрон гуфт: Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳалқаи калид дар масири тиҷории ҷануб байни бозорҳои АвруОсиё ва кишварҳои ғарб ва ҷануби Осиё аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ва кишварҳои Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Арманистон ба унвони аъзои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё рӯз душанбе чаҳорум даймоҳи 1402 дар оине дар Санкт-Петербург мувофиқатномаи тиҷорати озод имзо карданд.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,ин мувофиқатнома пас аз имзо ниёзманди тасвиб дар маҷлисҳои 6 кишвари узви иттиҳодияи АвруОсиё аст, то ба қонун табдил ва амалиётӣ шавад.

 Владимир Путин душанбе дар нишасти Шӯрои олии иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург афзуд: Таҳкими равобит бо Эрон ҳам барои тамоми кишварҳои узви иттиҳодия ва ҳам барои ин кишвар манофеъи ошкори зиёде ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

 Вай дар идома нисбат ба тасвиби ҳар чӣ зудтари мувофиқатномаи тиҷорат озод байни Эрон ва АвруОсиё аз сӯи парлумонҳои кишварҳои тарафи ин қарордод ибрози умедворӣ кард.

 Ба гуфтаи Путин имзои тавофуқи муваққати тиҷорати тарҷеҳӣ аз соли 2019 миёни Эрон ва иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба афзоиши ду баробарии табодулоти тиҷорӣ анҷомид, бо инки танҳо теъдоди маҳдуде аз феҳристи колоҳоро шомил мешуд.

 Вай идома дод: Пас аз иҷроӣ шудани мувофиқномаи тиҷорати озод тақрибан маҷмӯаи колоҳои тавлидшуда дар АвруОсиё метавонад бидуни пардохти ҳазинаҳои гумрукӣ ба бозори бузург ва 90 миллионнафарии Эрон дастрасӣ пайдо кунад.

Путин дар идома гуфт: «Табиӣ аст, ки озодсози итиҷорат бо Эрон  ангезаи хубе барои тавсеаи масирҳои ҳамлу нақл ва логистикӣ монанди каридори байналамиллалии Шимол-Ҷануб хоҳад дод ва ҳамчунин фурсатҳои ҷадиде барои ҳамкориҳои илмӣ ва саноъатӣ ва табодули гардишгарон ва ҳайатҳо байни кишварҳо падид меоварад».