Феврал 20, 2024 20:18 Asia/Dushanbe
  • Тафсир/ Ироаи пешнависи қатъномаи ҷадид аз ҷониби Амрико дар бораи ҷанги Ғазза

Амрико пешнависи қатъномаи ҷадидеро ба Шӯрои амнияти Созмони милал пешниҳод кардааст, ки хостори оташбаси муваққат дар ҷанги Ғазза ва мухолифат бо ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ ба Рафаҳ дар ҷануби Ғазза аст.

Дар ин пешнавис ошкоро бо ҳамлаи замини режими саҳюниситӣ ба Рафаҳ мухолифат шуда ва дар ин бора тасреҳ шуда, ки «дар шароити кунунӣ як ҳамлаи заминии бузург ба Рафаҳ, мунҷар ба осеби бештар ба ғайринизомиён ва ҷо баҷоии бештари онҳо, аз Ҷомла ба таври билқувва ба кишварҳои ҳамсоя хоҳад шуд». Пешнависи қатъномаи Иёлоти муттаҳидаи Амрико мегӯяд, ки чунини иқдоме «паёмадҳои ҷиддӣ барои сулҳ ва амнияти минтақа хоҳад дошт ва таъкид мекунад, ки чунин ҳамлаи заминии бузурге дар шароити кунунӣ набояд анҷом шавад.»

Исроил қасд дорад, барои ба истилоҳ такмили амалиёти худ алайҳи Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои муқовамати Фаластини ба Рафаҳ ҳамла кунад, ҷое, ки беш аз як миллион фаластинӣ аз 2.3 миллион фаластинӣ дар Ғазза дар онҷо сарпаноҳ гирифтаанд ва ин нигаронии байналмилалиро барангехтааст, ки чунин иқдоме ба шиддат буҳрони инсонӣ дар Ғаззаро вахимтар мекунад.

Ҳарчанд Вашингтон дар моҳҳои нахусти ҷанги Ғазза, ки акнун дар панҶомин моҳ худ аст, бо оташбас мухолиф будааст, аммо матни пешнависи Иёлоти муттаҳида ҳамон лаҳне аст аст, ки Ҷо Байден, раисҶомҳури ин кишвар ҳафтаи гузашта дар гуфтугӯ бо Бинямин Натаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ аз он истифода кардааст. Кохи Сафед дар баёнияе дар ин замина эълом кард, ки Байден дар гуфтугӯи худ бо Натаняҳу бо ишора ба вазъияти Рафаҳ таъкид карда, ки амалиёти низомӣ набояд бидуни барномае мӯътабар ва қобили иҷро барои тазмини амният ва ҳимоят аз ғайринизомиён дар ин минтақа идома ёбад.

Ҷо Байден, ки аслитарин ҳомии режими саҳюнистӣ дар ҷанги Ғазза аст, чанде қабл низ эътироф кард, амалиёти низомии ин режим дар Ғазза дар вокуниш ба амалиёти Тӯфони ал Ақсо дар 7 октябр «зиёда аз ҳадд» будааст. Байден ҳамчунин дар ҷараёни дидор бо подшоҳи Урдун изъон кард, ки шумори бисёр зиёде аз ғайринизомиёни Фаластин, аз зану кӯдак дар Навори Ғазза кушта шудаанд. Байден ин суханонро дар ҳоле матраҳ кард, ки фишорҳо рӯи ӯ барои талош ҷиҳати эҷод оташбас дар Ғазза шиддат гирифта ва ӯ бавижа, аз табаоти ин фишорҳо бар сабади раъйи худ дар миёни ҳомиёни Ҳизби демократ огоҳ аст.

Бо вуҷуди ҳимоятҳои комил ва ҳамаҷонибаи Амрико аз режими саҳюнистӣ ва ироа кумакҳои густурдаи сиёсӣ, низомӣ ва таслиҳоти аз ин режим дар ҷараёни ҷанги Ғазза, аммо акнун иқдомоти ҷинояткоронаи Исроил алайҳи фаластиниҳо бавижа наслкушии мардуми мазлуми Ғазза аз як сӯ ва тасмими Натаняҳу ва кобинаи амниятии ӯ барои ҳамлаи густурдаи заминӣ ба Рафаҳ, ки мусалламан мунҷар ба бурзу яке аз бузургтарин фоҷеаҳои инсонӣ дар қарни 21-ум хоҳад шуд мӯҷиб шуда то муттаҳидони ғарбии Тел Авив ва ҳатто Вашингтон ба мухолифат бо он бипардозанд.

Нуктаи муҳим инки ширкои аврупоии режими саҳюнистӣ ҳам дар мухолифат бо ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳ бо Амрико ҳамдостон шудаанд. Дар ин росто Ҷозеф Боррел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҳошияи нишасти вузарои хориҷа Иттиҳоди Аврупо таъкид кард, ки 26 кишвари узви ин иттиҳодия дар баёнияе хостори оташбаси фаврии инсонӣ дар Ғазза шудаанд. Дар ин баёния, ки ба ғайр аз як кишвари (Венгрия), мавриди ҳимояти тамоми аъзо қарор гирифтааст, аз режими саҳюнистӣ хоста шуда, ки ба шаҳри марзии Рафаҳ ҳамла накунад.

 Ҳамчунин Луис Инасио Лула да Силва, раисиҷумҳури Бразилия рӯзи якшанбе дар ҷараёни 37-умин иҷлоси Иттиҳоди Африқо дар шаҳри Аддис-Абеба, пойтахти Эфиопия, Исроилро ба анҷоми наслкушӣ алайҳи фаластиниҳо дар Навори Ғазза муттаҳам ва ҷанги ин режим дар Ғаззаро бо иқдомоти Адолф Ҳитлер барои нобудии яҳудиён муқоиса кард. Раисиҷумҳури Бразилия бо баён инки «ин ҷанги сарбозон алайҳи сарбозон нест», афзуд: Ин ҷанг миёни артиши бисёр омода ва занону кӯдакон аст.

Режими саҳюнистӣ, ки пас аз амалиёти Тӯфони Алақсо дар 7 октябр ҳамлаи густурдаи ҳавоӣ ва дарёӣ ва дар марҳалаи баъд ҳамлаи заминиро алайҳи Борикаи Ғазза оғоз кард, акнун бо вазъияти буғранҷ мувоҷеҳ шудааст. Ин режим, ки натавониста то аҳдофи эъломии худ аз ин таҳоҷуми низомӣ, яъне нобудии Ҳамос ва дигар гурӯҳҳои муқовамати фаластинӣ ва озодии зиндониёни саҳюнистиро муҳаққақ намояд ва сирфан мубодарат ба тахриби бисёр густурдаи Ғазза ва наслкушии сокинони он намуда, акнун ба баҳонаи решакан кардани Ҳамос ва озодии зиндониёни саҳюнист қасди ҳамлаи заминӣ ба Рафаҳро дорад.

 Бо таваҷҷӯҳ ба тарокуми ҷамъиятӣ дар Рафаҳ ношӣ аз интиқоли шумори қобили таваҷҷуҳе аз сокинони Ғазза аз шимол ба ҷануби ин минтақа ба далели ҳамалоти Исроил, мусалламан ҳамлаи заминии режими саҳюнистӣ метавонад табаоти ҳавлноке дошта бошад бавижа инки бархе гузоришҳо ҳокӣ аз азми Тел Авив барои ихроҷи сокинони Ғазза ба саҳрои Сино аст, ки дар муҷовирати Ғазза қарор дорад. Бад-ин тартиб Натаняҳу бар ин гумон аст, ки масъалаи Ғаззаро бо ихроҷи сокинони он ба истилоҳ ҳал карда ва гурӯҳҳои муқовамати фаластиниро низ нобуд хоҳад сохт. Бо ин ҳол афзоиши фишорҳо ва мухолифати ҷаҳонӣ бо ин тарҳи зиддиинсонӣ ва ғайри қонуни режими саҳюнистӣ ҳатто аз ҷониби шарикон ва муттаҳидон иҷрои ин тарҳро барои мақомоти Тел Авив бисёр душвор сохтааст.

 

Барчасп