Март 13, 2024 10:55 Asia/Dushanbe
  • Тағйири мавзеи Украина дар муқобили Русия, эъломи омодагии Киев барои сулҳ бо Русия

Вазири умури хориҷаи Украина аз омодагии кишвараш барои музокираи сулҳ бо Русия хабар дод.

Бо гузашти беш аз 2 сол аз ҷанги Украина, акнун ин набард ба як ҷанги фарсоишӣ табдил шуда ва Украина, ки дар мавзеи заъф қарор гирифтааст бар хилофи назари Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО тамоюли худ ба оғози гуфтугуҳои сулҳро эълом кард.

Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷаи Украина рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо шабакаи “Sky News Arabic” гуфт, Киев ба аз саргирии гуфтугу бо Маскав фикр мекунад ва музокироти сулҳ мумкин аст, тобистони пеши рӯ дар Швейтсария баргузор шавад.

 

Барчасп