Ирландия: Камбуди ғизоии кӯдакон дар Ғазза як ҷинояту расвоӣ аст
Муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Ирландия гуфт, сӯитағзияи кӯдакон дар борикаи Ғазза як ҷиноят ва расвоӣ аст.
Майкл Мартин, муовини нахуствазир ва вазири хориҷаи Ирландия дар нишасти хабарии муштарак бо комиссари Иттиҳоди Аврупо дар амри мудирияти буҳрону кумакҳои башардӯстона, вазъияти борикаи Ғаззаро фоҷеабор хонд ва аз режими саҳюнистӣ хост, ки инсонияти худро бо бартараф кардани ишколтарошӣ дар вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза нишон диҳад.
Вазири умури хориҷаи Ирландия гуфт, сӯитағзияи кӯдакон дар борикаи Ғазза як ҷинояту расвоӣ аст.
Комиссари Иттиҳоди Аврупо низ шароити Ғаззаро фоҷеае асафбор тавсиф карду гуфт, Иттиҳоди Аврупо барои ирсоли кумакҳои башардӯстона ба борикаи Ғазза талош мекунад ва дар ин росто ҳатто аз ирсоли кумакҳо ба равишҳое монанди ирсоли ҳавоӣ ё дарёӣ ҳимоят мекунад.