Вокунишҳо ба стандарти дугонаи давлати Англия дар қиболи Фаластин
https://parstoday.ir/tg/news/world-i113274-Вокунишҳо_ба_стандарти_дугонаи_давлати_Англия_дар_қиболи_Фаластин
Бо ин ки аз шаш моҳи пеш то кунун режими саҳюнистӣ беш аз сад ҳазор фаластиниро кушта ё маҷрӯҳу маълул ва беш аз ду миллион нафарро дар Ғаззаву Каронаи бохтарӣ овора кардааст, ҳимояти давлати Англия аз режими ишғолгари Қудс идома дорад.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Апрел 03, 2024 19:29 Asia/Dushanbe

Бо ин ки аз шаш моҳи пеш то кунун режими саҳюнистӣ беш аз сад ҳазор фаластиниро кушта ё маҷрӯҳу маълул ва беш аз ду миллион нафарро дар Ғаззаву Каронаи бохтарӣ овора кардааст, ҳимояти давлати Англия аз режими ишғолгари Қудс идома дорад.

Ин ҳафта ҳудуди 60 созмони хайрия ва муассисаи ҳуқуқи башарӣ дар Англия аз давлати ин кишвар хостанд, дар амал ба иддаоҳои ҳуқуқи башарии худ, бо фаластиниён ҳамчун украиниҳо рафтор кунад ва ба эъмоли сиёсати дугонаи Англия дар бораи ин ду қавм поён диҳад, аммо давлат мухолифат кардааст.