Апрел 06, 2024 13:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил ; афзоиши фишорҳо бар давлати Байден барои коҳиши ҳимоят аз режими саҳюнистӣ
    Таҳлил ; афзоиши фишорҳо бар давлати Байден барои коҳиши ҳимоят аз режими саҳюнистӣ

Бо тадовуми ҷанги Ғазза ва иқдомоти ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми мазлӯми ин минтақа ба вижа наслкушӣ ва истифода аз силоҳи гуруснагӣ ва эҷоди қаҳтӣ , фишорҳои дохилӣ ба давлати Байден барои коҳиши ҳимоят аз Тел-Авив шиддат гирифта ва дар айни ҳоли ихтилофоти байни Кохи Сафед ва Бинямин Нитанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ низ афзоиш ёфта аст .

Дар ин росто 40 нафар аз қонунгзорони демукроти Конгресси Амрико аз Ҷу Байден раиси ҷумҳӯри Иёлоти Муттаҳида хостанд то фуруши силоҳ ба режими саҳюнистиро мутаваққиф кунад. Ин 40 намояндаи Конгресс ки раиси собиқи Маҷлиси намояндагон ҳам дар миёни асомии онҳо дида мешавад дар номае аз Байден хостанд то фуруши таслеҳот ба режими саҳюнистиро мутаваққиф карда ва  кумакҳои Вашингтон ба ин режимро машрӯт кунад .

Имзои ин нома аз сӯии намояндагони демукроти Конгресси Амрико , ки яке аз муҳимтарин мақомоти демукроти таърихии Амрико буда ва барои даҳаҳо мудофеъи калидии равобити Амрико ва  Исроил маҳсӯб мешудааст , нишон медиҳад ки ҷойгоҳи режими саҳюнистӣ ба далели иқдомоти ваҳшиёнаи ин режим дар борикаи Ғазза то чӣ ҳад дар назди мардуми Амрико ва  ҳизби демокротии ин кишвар суқӯт карда аст. Дар айни ҳол дархости 40 қонунгзори демокрот аз Байден барои таваққуфи фуруши таслеҳот ба Исроии нишондиҳанда чархиши моҳўӣ дар рӯйкарди суннатии қонуонгзорони Амрико дар бораи режими саҳюнистӣ аст ки то қабл аз ҷанги Ғазза мубтани бар ҳимояти ҳам аҷониба аз Тел-Авив бӯда аст .

Албата ин таҳдидоти зоҳирии давлати Байден амалан бо бе тафовутии режими саҳюнистӣу кабинаи ҷангии ин режими мувоҷеҳ шудаасту мақомоти саҳюнистӣ аз ҷумлаи бинёмини нитонёҳуи ҳам чунон бар лузӯми ҳамлаи густардау ҳамаи ҷониба ба рафаҳ дар ҷануби ғазза ба баҳона аз байни бурдани гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ ки мунҷар ба вуқуъи фоҷеъаи инсонӣ бузургӣ хоҳад шуд пофишорӣ мекунанд .

Ба рағми ҳимоятҳои густардаи сиёсӣ ва  низомии Иёлоти Муттаҳида аз режими саҳюнистӣ бо вуҷӯди имтиноъи ин режим аз қабули хостаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва аз ҷумла дархости Амрико барои барқарории оташибас дар ҷанги Ғазза , аммо давлати Байден ва мақомоти аршади Амрико сарфан ба баёни ҳушдориҳои ғайри муассир ба Тел-Авив пардохта ва аз  фишорҳои сиёсӣ ва  молӣ барои водор кардани Исроил ба таваққуфи ҷанги Ғазза истифода намекунанд . Комаи инки бо вуҷӯди дархости 40 қонунгзори амрикоӣ барои қатъи фуруши таслеҳот ба Исроил , аммо давлати Байден ҳеҷ гоҳ ба ин хоста ҷомаи амал нахоҳад пӯшонд .

Амрико бузургтарин ҳомии режими саҳюнистӣ ва  ҷиноёти ин режим дар навори Ғазза чӣ дар арсаи сиёсӣ ва  маҳофили байналмилалӣ ва чӣ дар арсаи таслеҳотӣ ба шумор меравад . Ҳар чанд бо афзоиши фишори афкори умумӣ дар ҷаҳон ва  дохили Амрико ва  ташдиди интиқодот аз тадовуми ҷанги Ғазза аз ҷониби режими саҳюнистӣ , давлати Байден барои беҳбудии ваҷҳи   худ ва  тазмини орои Байден дар интихоботи раёсати Ҷумҳурии 2024 ба Кабинаи Нитонёҳу барои тағйири рӯйкарди он дар қиболи ҷанги Ғазза фишор ворид мекунад .

Бо ин ҳоли тадовуми кумакҳо ва  фурушҳои таслеҳотӣ ба Исроил нишон медиҳад ки дар ҳоле ки миёни Вашингтон ва Тел-Авив  бар сари идомаи ҷанги Ғазза ихтилоф ба вуҷӯд омадааст , аммо давлати Байден кумаки низомӣ ба Исроилро ба чигунагии иқдомоти Бинямини Нитонёҳу муртабит намедонад . Як мақоми Кохи Сафед дар ин бора ба сароҳат гуфт : Мо ба ҳимоят аз ҳақи Исроил барои дифо аз худ идома медиҳем . Шарт кардан кумаки низомии сиёсати мо набудааст . Давлати Байден ахиран бо ирсоли бастаҳои таслеҳотии ҷадиди шомили беш аз як ҳазору 800 бомби 2 ҳазор пунди мавсӯм ба МК 82 ва 500 бомби 500 пундӣ барои режими саҳюнистӣ дар ҳоле мувофиқат карда ки истифодаи Исроил аз бомбҳои 2 ҳазор пундӣ аз далоили муҳими талафоти густардаи ғайринизомиён дар Ғазза бӯдааст .

Барчасп