Апрел 17, 2024 17:41 Asia/Dushanbe
  • Тафсир : Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими саҳюнистӣ
    Тафсир : Вокунишҳои ҷаҳонӣ ба амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими саҳюнистӣ

Амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистӣ вокунишҳои ҷаҳониро ба ҳамроҳ доштааст .

Ба гузориши хабаргузории Фаронса , « Мусои Абумарзуқ » ноибраиси дафтари сиёсии Ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин ( Ҳамос ) дар хориҷ дар вокуниш ба амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистӣ эълом кард , пас аз посухи Эрон , мизони куштори миллати Фаластин дар ҷанги режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза ба камтарин ҳад расид .

«Анвар Иброҳим » нахуствазири Малайзия ҳам дар вокуниш ба амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистӣ тасреҳ кард , ин амалиёт машрӯъаст .« Аниси Мансур» мушовири расона ва раиси Маркази мутолиъоти роҳбурдӣ “ Ҳано “ низ дар вокуниш ба амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистӣ дар шабакаи иҷтимоӣ Экс навишт , миллатҳои араби ҳаштаги # ташаккур_аз Эронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамрасонӣ карданд.

Ин ҳаштаг тарандт аввали шабакаи иҷтимоӣ дар Ғарб Осиё шуд .

Дар ҳамин ҳол , « Лайло Никуло » устоди равобити байналмилалии донишгоҳи Лубнон дар пустӣ дар шабакаи иҷтимоии Экс навишт , амалиёти мушакӣ вапаҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистӣ нишон дод режими ишғолгари Исроил ба танҳоӣ наметавонад аз худ муроқибат кунад .

«Хоҷа Осиф » вазири дифои Покистон низ бо ишора ба омодагии Эрон барои муқобила бо ҳаргуна таҳоҷуми хориҷӣ гуфт , амалиёти мушакӣ ва паҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистӣ ҳаққи машрӯъи Эрон буд ва ҳаргуна иқдоми режими ишғолгари Исроил алайҳи Эрон ба зарари режими саҳюнистӣ тамом хоҳад шуд .

«Догу Перинҷек » Дабири кулли Ҳизби чаргарои ватани Туркия низ амалиёти мушакӣ ва  паҳподии Эрон зидди режими наслкуши саҳюнистиро аз назари қонӯни байналмилалӣ  идоми машрӯъ донист ва афзӯд , ин посӯх боиси хушҳолии мардум шуд ва монеъ аз такрори таҷовузоти режим Исроил мешавад .

«Иззати Ал Шабандар » сиёсатмадору таҳлилгари ироқӣ дар пустӣ дар шабакаи иҷтимоии Экс навишт , режими Исроил пас аз ҳамлаи мустақим ба бахши консулии сафорати Эрон дар Сурия дигар ниёз надошт барои имтиҳон кардани сабри Эрон ва итминони пайдо кардан аз мизони омодагӣ барои вуруд ба ҷанг аз дарвозаҳои бузургтар ҷулу баравад ва риск кунад .

Режими наслкуши Исроил душанбе , аввали апрели 2024 дар иқдомии террористӣ ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ҳамла кард ки мунҷар ба шаҳодати ҳафт нафар аз мусташорони аршади низомӣ Эрон шуд .Ҳазрати Оятуллоҳи Хоманаӣ Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ва фармондеҳи муаззами кули қувои Эрон , иқдоми Тел-Авивро ҳамла ба хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон унвон ва таъкид карданд режими саҳюнистӣ “ танбеҳ “ хоҳад шуд .

Дар ҳамин росто , бомдоди рӯзи якшанбе ( 14 авпели 2024 ) Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бо шиллики паҳпод ва мӯшак ба сӯйи сарзаминҳои ишғолӣ , иқдом ба танбеҳи ин режими мутаҷовиз кард .

Расонаҳои вобаста ба режими ишғолгари Исроил ва Амрико талош карданд ҳаҷми тахрибҳо ва осебҳои ворида ба сарзамини ишғолиро камранг нишон диҳанд , аммо тасовири мавҷӯд аз исобати мӯшакҳо ва паҳподҳо ба марокизи муҳими низомии режими наслкуши саҳюнистӣ ҳикоят дорад .

Барчасп