Апрел 17, 2024 19:04 Asia/Dushanbe
  • Дархости шуморе аз намояндагони маҷлиси Биритониё барои таваққуфи ирсоли силоҳ ба Исроил

Номае бо 70 ҳазор имзо аз ҷумла имзои ҷамъе аз намояндагони маҷлиси Биритониё дар бораи таваққуфи содироти бомб ва мушак ба Исроил, ба дафтари нахуствазирии Биритониё супурда шуд.

Ба гузориш радиои тоҷикии Садои Хуросон, торнмои "Эътилофи ҳамбстагӣ бо Фаластин" (palestine solidarity campaign) дар Биритониё дар баёнияе бо интишори тасвирҳое аз ҳузури шуморе аз намояндагони маҷлиси Биритониё дар маросиме, ки рӯзи чаҳоршанбе баргузор шуд, эълом кард, беш аз як ҳазор ҳуқуқдон, устоди ҳуқуқи донишгоҳҳо ва қозиёни бознишаста дар Биритониё, дар номае навиштанд содироти бомб ва мушак ба Исроил, Лондонро дар маърази поймолсозии қонунҳои байналамилалӣ қарор медиҳад.

 Пештар низ 135 намояндаи маҷлиси Биритониё, дар номае хитоб ба вазирони хориҷа ва бозаргонӣ таваққуфи содироти аслиҳа барои Исроилро хостор шуданд.

Бинобар бар баёнияи "Эътилофи ҳамбстагӣ бо Фаластин", Канада, Нидерландия, Япония, Испания ва Белгия эълом кардаанд, содироти аслиҳа барои Исроилро мутаваққиф мекунанд, аммо  вазири хориҷаи Биритониё мегӯяд боз ҳам ба Исроил аслиҳа хоҳем дод.

 

Барчасп