Апрел 22, 2024 21:51 Asia/Dushanbe
  • Кумаки низомии беш аз 60 миллиарддолларии Амрико ба Украина
    Кумаки низомии беш аз 60 миллиарддолларии Амрико ба Украина

Маҷлиси намояндагони Амрико рӯзи шанбеи 20 апрел ба иттифоқи оро бастаи 60 миллиарду 800 миллиондолларии кумаки низомӣ ба Украинаро тасвиб кард.

Ин намунаи нодире аз ҳамкории ҳизби ҷумҳурихоҳу демократи Амрико буд, ки дар он демократҳо ба ҷумҳурихоҳон пайвастанд то ин бастаи кумаки низомӣ барои Украинаро тасвиб кунанд.

Кумакҳои низомӣ ба Украина

Тибқи тасмими Майк Ҷонсон, раиси аксарияти Конгресс, се бахши марбут ба Украина, Исроил ва Тайван ба сурати лавоиҳи ҷудогонаи раъйгирӣ ва тасвиб шуданд. Бад-ин тартиб, илова бар лоиҳаи кумаки низомӣ ба Украина, Маҷлиси намояндагони Амрико лоиҳаҳои марбут ба кумаки низомӣ ба режими саҳюнистӣ ва Тайван, тавқифи дороиҳои давлатии масдудшудаи Русия ба манзури ироаи онҳо ба Киев ва таҳримҳои ҷадид алайҳи Чинро низ ба тасвиб расонд.

Дар воқеъ, раванди раъйгирӣ ва тасвиби лоиҳаи кумак ба Украина, зарфи чанд дақиқа анҷом шуд. Иттифоқе, ки баъд аз чанд моҳ билотаклифии лоиҳа дар Маҷлиси намояндагон, ҳокӣ аз он аст, ки қонунгзорони амрикоӣ фориғ аз тамоюлоти ҳизбӣ, ба таври муттафиқулқавл ҳомии идомаи ҳимоят аз Украина ҳастанд.

Ҷо Байден, раиси ҷумҳурии Амрико аз Сенат хост, бо шитоб бахшидан ба раванди кори худ имкони таъйиди ин лоиҳа тавассути раёсати ҷумҳурӣ ва табдил шудан ба қонунро пеш биандозанд.

Марк Варнер, раиси Кумитаи иттилоотии Маҷлиси сенат низ дар изҳороте гуфт, ки бо тасвиби бастаи кумаки низомӣ ба Украина, тадорукоти низомии Вашингтон барои Киев дубора оғоз хоҳад шуд.

Ба тозагӣ Вилям Бронза, раиси Созмони иттилооти марказии Амрико (СИА) ба аъзои Конгресс ҳушдор дод, ки агар акнун бастаи кумак ба Украинаро тасвиб накунед, Киев то поёни соли 2024 бозандаи ҷанг хоҳад буд.

Владимир Зеленский рӯзи якшанбе аз раҳбарони сиёсии Иёлоти Муттаҳида барои тасвиби бастаи кумакӣ ба Украина ташаккур карду гуфт, ки кумакҳои ҷадид ба кишвари ӯ фурсати «пирӯзӣ» медиҳад, зеро ҳоло кишвараш қодир ба дифоъ аз худ дар баробари Русия аст.

Флориян Флиппот, раҳбари ҳизби Меҳанпарастони Фаронса ва номзади интихоботи Порлумони Аврупо дар вокуниш ба тасвиби лоиҳаи кумаки низомӣ ба Украина дар Маҷлиси намояндагони Амрико гуфт, ки ин раъй чизеро тағйир нахоҳад дод ва танҳо мунҷар ба тӯлонӣ шудани замони ҷангу афзоиши қурбониён хоҳад шуд.

Русия низ ба тасвиби кумаки низомии чанддаҳмиллиарддолларӣ ба Украина вокуниш нишон дода ва ба интиқод аз он пардохтааст. Дар ин замина, Вазорати хориҷаи Русия бо интишори баёнияе, ба таври расмӣ ба тасвиби лоиҳаи кумаки низомии ҷадид дар Маҷлиси намояндагони Амрико барои Украина таъкид кард, ки Вашингтон рӯйкарди худро аз пирӯзии Украина, ба идомаи ин ҷанг дастикам то поёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико (дар моҳи ноябр) тағйир додааст.

Тасвиби кумаки низомии ҷадиди Амрико ба Украина нишондиҳандаи рӯйкарди воқеии Ғарб, ба хусус Иёлоти Муттаҳида дар қиболи ҷанги Украина аст. Дар воқеъ, Амрико ва НАТО ҳамчунон хоҳони идомаи ҷанги хунини Украина ҳастанд. Мақомоти аршади амрикоӣ ва Нато бар ин гумон ҳастанд, ки пирӯзии Русия дар ҷанги Украина, он ҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои беэътибории ин созмони низомӣ ва густариши ҳарчӣ бештари нуфузу қудрати минтақаӣ ва байналмилалии Русия хоҳад шуд ва муодилоти амниятиву низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари Ғарб тағйир хоҳад дод. Зимни ин ки Вашингтон ба ҷанги Украина ба масобаи фурсате муҳим барои тазъифи ҳарчӣ бештари тавонмандии низомии Русия ва низ нобуд шудани қудрати миллии ин кишвари рақиби Амрико менигарад.

Бо ин ҳол, идомаи ин ҷанг сирфан ба маънои хисороти инсониву моддии ҳарчӣ бештар бар Украина ва нобуд шудани ин кишвари бузурги аврупоӣ, он ҳам дар ростои аҳдофи калони Иёлоти Муттаҳида аст.

 

Барчасп