Ҳузури Антонио Гутерриш дар дафтари намояндагии Эрон барои тасалият
(last modified Sat, 25 May 2024 07:40:59 GMT )
Май 25, 2024 12:40 Asia/Dushanbe

Дабири кулли СММ бо ҳузур дар намояндагии доими Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Нию-Йорк, дар дафтари ёдбуди шаҳодати Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳури фақид ва ҳамроҳонаш матнеро дар таҷлил аз ин шуҳадои бузургавор навишт ва имзо кард.

 ба гузориш радио тоҷики садои Хуросон, онтуниу гутраш, дабири кулли созмон милал муттаҳид, ки барои баён тасалият дар маҳалл намояндаги доим Љумҳурии Исломии Эрон дар Нию-йорк ҳузур ёфт, дар дафтар ёдбуд шаҳодат Сайид Иброҳим раисӣ ва ҳусайн амиръбдоллҳён, матниро дар таҷлил аз ин ду шаҳид навишт ва имзо кард.

Денис Фаронсис асри рӯзи панҷшанбеи гузашта бо ҳузур дар намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Нию-Йорк дафтари ёдбуди дипломатик барои гиромидошти ёд ва хотираи шаҳид Сайид Иброҳим Раисӣ ва низ Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири хориҷаи шаҳидро имзо кард.

 Пеш аз ин Маҷмаъи умумии СММ ба эҳтироми Сайид Иброҳим Раисӣ-раисҷумҳури шаҳиди Эрон ва ҳамроҳонаш аз ҷумла Ҳусайн Амирабдуллоҳиён-вазири умури хориҷаи Эрон дар сониҳаи суқути болгард як дақиқа сукут карда буд.

 Пеш аз ин низ Шӯрои Амнияти СММ ба эҳтироми раисҷумҳур ва вазири хориҷаи шаҳиди Эрон ва ҳамроҳонашон дар сониҳаи суқути болгард сукут карда буданд ва парчами СММ низ ба ҳолати нимаафрошта даромад.