Омодагии Русия барои идомаи талошҳои сиёсӣ бо ҳадафи таваққуфи фаврии ҷанг дар Ғазза
(last modified 2024-09-07T11:13:40+00:00 )
Сентябр 07, 2024 16:13 Asia/Dushanbe
  • Омодагии Русия барои идомаи талошҳои сиёсӣ бо ҳадафи таваққуфи фаврии ҷанг дар Ғазза

Муовини вазири умури хориҷаи Русия бар омодагии Маскав барои идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломвтӣ бо ҳадафи таваққуфи ҳар чи зудтари ҷанг дар боркаи Ғазза таъкид кард .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИНРА, Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷа ва намояндаи вижаи раиси ҷумҳурии ин кишвар дар умӯри ғарби Осиё ва кишварҳои африқоӣ дар дидор бо  Абдулҳафиз Нофил-сафири Фаластин дар Маскав , бар омодагии Русия барои идомаи талошҳои сиёсӣ ва дипломатӣ бо ҳадафи таваққуфи ҷангу хунрезӣ дар борикаи Ғазза ва ирсоли кумакҳои фаврӣ ба мардуми ранҷдидаи ин минтақа таъкид кард .
Муовини вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин бар ташкили кишвари мустақили Фаластин бо пойтахтии Қудс таъкид кард .
Режими саҳюнистӣ аз ҳафтуми октябри 2023 ҷанги вайронгареро зиддии борикаи Ғазза оғоз кардааст .
Таи ин муддат 70 дарсад аз манозилу зерсохтҳои борикаи Ғазза дар ин ҷанг ба шиддат тахриб шудаанд ва муҳосираи риққатбору буҳрони инсонии шадид дар канори қаҳтӣ ва гуруснагии бесобиқа , ҷони сокинони ин минтақаро таҳдид мекунад .
Бо вуҷуди ҳамаи ин ҷиноятҳо режими саҳюнистӣ эътироф кардааст, ки пас аз 11 моҳи ҷанг ҳануз натавониста ба аҳдофи худ аз ин ҷанг, яъне нобуд кардани ҷунбиши Ҳамос ва бозгардондани асирони саҳюнистӣ аз борикаи Ғазза даст ёбад .
 

 

Барчасп