Итолиёиҳо пропагандаи азими Ғарб алайҳи вазъияти занон дар Эронро ба чолиш кашиданд
(last modified 2024-09-15T07:10:54+00:00 )
Сентябр 15, 2024 12:10 Asia/Dushanbe
  • Итолиёиҳо пропагандаи азими Ғарб алайҳи вазъияти занон дар Эронро ба чолиш кашиданд

Порс тудей - Конфронси “занони Эрону Италия бо тамаркуз бар гуфтугуҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ” бо ҳузури асотид ва соҳибназарони итолиёӣ, асотид ва корофаринони эронӣ дар Рум баргузор шуд.

Конфронси “занони Эрону Италия бо тамаркуз бар гуфтугуҳои фарҳангӣ ва ҳамкорӣ” ба ҳиммати Анҷумани “Independient”-и Италия баргузор шуд.

Ба гузориши Порс тудей, анҷумани “Independient” ҳадаф аз баргузории ин конфронсро посух ба ин пурсиш унвон кардааст, ки оё воқеан занони Эрон ҳамонгуна, ки дар расонаҳои ғарбӣ унвон мекунанд, таҳти ситами фарҳангу мазҳаб қарор доранд ё ин сирфан як амалиёти бузурги расонаӣ аст?

Ин рӯйдод бо ашъоре дар васфи занони эронӣ тавассути шоираи итлолиёӣ хонум Alirabta Pamela оғоз шуд ва Франческо Лабония, мудири ин анҷуман гуфт, Италия худ аз шароити бади сиёсӣ ва аз амрикоӣ шудан ранҷ мебарад ва дар инҷо нигоҳи абзоргароёна нисбат ба зан вуҷӯд дорад.

Вай ҳамчунин ба сафараш ба Эрон дар соли ҷорӣ ишора кард ва аз мушоҳидоти айнии худ дар мавриди занон бо танаввуъи пӯшишу рафтори муҳтарамонаи полис бо онон гуфт.

Ҳония Туркиён, устоди маорифи исломӣ ва таҳлилгари жиополитики эронии муқими Италия низ дар ин конфронс дар бораи ҷойгоҳи зан дар ислом, суннат ва модернита бо тамаркузи хос бар Эрон изҳор кард: Масъалаи Эрон хеле муҳим аст, чаро ки инҷо баҳс дар бораи Эрон тобу маҳсӯб мешавад. Мехоҳам ривояти мутафовите аз Эрон ироа даҳим. Нақши занон дар ҷомеъа бояд ҳам суннатӣ бошад ва ҳам модерн. Наметавон гуфт, суннатӣ беҳтар аст ё модерн, вале модели илҳом гирифта аз мазҳаб комилтару иддеол дар ҷомеъа аст.

Вай бо баёни инки «нақши занон дар ҷомеъаи Эрон қатъӣ ва таъйин кунандааст» афзуд:

Баъд аз суқӯти режими паҳлавӣ дар Эрон ин нақш пурранг шуд ва инқилоби исломӣ, занонро барои ҳузур дар ҷомеъа ва барӯҳда гирифтани нақш ташвиқ кард.

Вай гуфт, бархе аз оморҳо нишонгари рушди нақши занони эронӣ дар донишгоҳҳо, умеди зиндагӣ, бозори кор, варзиш ва ғайра аст, ки тафовутҳои чашмгире бо қабл аз пирӯзии инқилоб дорад.

Суханрони баъдӣ Анна Валво, устоди ҳуқуқи Иттиҳодияи Аврупо дар донишкадаи улӯми иқтисодӣ ва ҳуқуқии донишгоҳи Сисил(Sicily) буд, ки тайи суханоне бо унвони бурқаъи номаръии занони ғарбӣ, мубориза барои ҷавонӣ ва зебоии абадӣ гуфт:

Ҷомеъаи ғарбӣ моделе аз озодӣ ва пешрафти занонро ироа медиҳад, аммо дар воқеият ин як ниқобе аз озодӣ аст. Колосозӣ аз занон дар бахшҳои мухталиф як воқеият аст ва озодии ҷинсӣ, озодӣ маҳсӯб намешавад.

Дар идома хонум Вилмо Ҷиноло, узви ин анҷуман мавзӯи суханронии худро ба «мафҳуми мубҳами озодӣ» ихтисос дод ва баён кард, ки озодӣ бидуни маҳдӯдият дар Ғарб дар радаи нахуст қарор дорад. Рақобат дар озодӣ гоми баъдӣ аст, ки дар идома ба озодии иқтисодӣ табдил мешавад. Озодии иқтисодии ҳам ба рақобат дар масрафгароӣ табдил мешавад.

Марҷони Ҳӯшёр, мудиромили ширкати бозаргонии “Нигини тиҷорати Фирдавси Эрон”, суханрони баъдӣ буд, ки ба шакли видеоконфронс дар ин нишаст ҳузур дошт. Ҳӯшёр изҳор кард:

Занон дар Эрон пешрафтҳои маънодоре дар заминаи илм доштаанд ва муваффақ ба касби огоҳии илмӣ ва маҳоратҳои бештар дар ин замина шудаанд.

Вай афзуд, дар 50 соли ахир, теъдоди заноне, ки дар саросари ҷаҳон мадраки риштаи коршиносиро ахзу нақши мудириятӣува илмӣ ифо кардаанд, афзоиши чашмгире пайдо кардааст. Аммо дар Эрон бар акси ончӣ, ки дар расонаҳо нишон медиҳанд, занон на танҳо дорои ҳуқуқи баробар бо мардон ҳастанд, балки аз ҳимояти ҳамсар, падару бародарашон бархӯрдор ҳастанд.

 

Барчасп