Хаёл ба ҷои хабар; хабарпардозии Ню-Йорк Таймс дар бораи нақшаи Эрон барои террори Трамп ва тахриби интихоботи Амрико
(last modified 2024-09-26T05:40:15+00:00 )
Сентябр 26, 2024 10:40 Asia/Dushanbe
  • Хаёл ба ҷои хабар; хабарпардозии Ню-Йорк Таймс дар бораи нақшаи Эрон барои террори Трамп ва тахриби интихоботи Амрико
    Хаёл ба ҷои хабар; хабарпардозии Ню-Йорк Таймс дар бораи нақшаи Эрон барои террори Трамп ва тахриби интихоботи Амрико

Порс Тудей-як руйкарди хабарии амрикоӣ, ба ҷои пардохтан ба шавоҳиди воқеӣ ва ироаи мадорики мустанад, сирфан бар кулли гуӣ ва истифода аз адабиёти таҳрикомез такя мекунад.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс дар гузориши бо унвони "Trump Is Briefed on Iranian Assassination Threats" (Трамп аз таҳдидоти террори эрониён мутталеъ шуд) дар таърихи 24 сентябри 2024 навишт "Криси Камерун" ба иддаои кампайни Трамп мепардозад ки муддаи шудааст Эрон таҳдид ба террори Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи иёлоти муттаҳида , карда аст .

Ба гузориши Порс Тудеӣ, ин гузориш ба вузуҳи нишондиҳандаи як талош созмон ёфта барои истифода аз номи Эрон ба унвони як омили таҳдид ҷиҳати эҷоди ҷанҷоли интихоботи аст .

Дар ин гузориш, иддаоҳоеи мабнӣ бар таҳдиди террор Доналд Трамп тавассути Эрон матраҳ шуда , аммо ҳеҷ мадраки мушаххас ва мустанадӣ барои исботи ин иддаоҳо ироа намешавад. Ин навъи ривоятҳо натанҳо дар сатҳи байналмилалӣ истилоҳан клик хур ва пурбоздид ҳастанд, балки аз назари сиёсӣ низ ба назар мерасад бо ҳадафи эҷоди ҳаяҷон ва ҷалби тавваҷуҳ дар остонаи интихоботи Амрико тарроҳӣ шудаанд .

Гузориш ба гунаи танзим шуд ки ингори таҳдидот аз суи Эрон бахше аз як нақшаи густарда ва хатарнок аст ки дар ҳоли ҳозир иёлоти муттаҳидаро таҳдид мекунад , аммо ҳеҷ гуна иттилооти ҷузъи ё шавоҳиди қонеъкунандаи барои пуштибонӣ аз ин иддаоҳо матраҳ намешавад. Ба хусус, иртиботи мубҳами миёни ин таҳдидоти иддаое ва ҳаводиси дигар ки дар иртибот бо амнияти Трамп рух дода, бидуни ҳаргунаи санадяти мушаххас ба шиддати саволбарангез аст .

Ин руйкарди хабарӣ, ба ҷои пардохтан ба шавоҳиди воқеӣ ва ироаи мадорики мустанад, сирфан бар кулли гуӣ ва истифода аз адабиёти таҳрикомез такя мекунад. Чунин гузориши метавонад бахше аз як истиротижии сиёсӣ барои баҳра бурдорӣ аз тарси умумӣ ва мунҳариф кардани афкори умумӣ аз масоили воқеи ҳамчун пардохт молиёти амрикоеҳо ба корхонаҳои тавлиди силаҳ барои Украин ва Исроил ё сарпуш гузоштан бар нотавониҳои дохилии иёлот муттаҳида бошад .

Аз ҷумлаи нукоти қобили интиқод, тарҳи иттиҳомоти мубҳами зидди Эрон дар заминаи ҳаки иттилоотӣ ва пахши иттилоот нодуруст аст ки бори дигар бидуни ироаи шавоҳиди малмуси баён шуда аст. Дар ниҳоят, чунин гузоришҳои натанҳо ба нафъи амният ва сиёсати хориҷии иёлот муттаҳида нест, балки ба бе эътибории расонаи ва ҳақорати миллии амрикоииҳо доман мезанад.

Барчасп