Буҳрони эътибори ахлоқии Ғарб дар мувоҷеҳа бо масъалаи Фаластин
-
Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса
Порс-Тудей. Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса муддаӣ шуд, ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғаззаро наслкушӣ намедонад.
Ба гузориши “Порс-Тудей”, Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар иртибот бо ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза иддао кард, ончӣ дар ин минтақа рух медиҳадро наслкушӣ намедонад.
Макрон дар идома муддаӣ шуд, ин фақат як баёнияи сиёсӣ нест. Фақат қозиҳо ё муаррихон метавонанд бар асоси шавоҳиди кофӣ, мабнои қонунии равшан ва меъёрҳои мушаххас, рӯйдодеро ба унвони наслкушӣ ташхис диҳанд.
Раиси ҷумҳурии Фаронса бо баёни инки Порис кишвари мустақили фаластиниро ба расмият хоҳад шинохт, гуфт, ки ба расмият шинохтани кишвари Фаластин барои таваққуфи ҷанг алайҳи Ғазза зарурӣ аст.
Кир Стармер, нахуствазири Англия низ эълом кард, ки ин кишвар ба манзури эҳёи умед ба сулҳ, кишвари Фаластинро ба расмият мешиносад.
Марк Корни, нахуствазири Канада низ дар баёнияе аз тасмими Оттава барои ба расмият шинохтани кишвари мустақили фаластинӣ хабар дод.
Дугонагӣ дар мавозеи кишварҳои ғарбӣ дар мавриди ба расмият шинохтани кишвари Фаластин ношӣ аз маҷмӯае аз авомили сиёсӣ, иқтисодӣ, таърихӣ ва дипломатӣ аст. Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ, ба вижа Амрико равобити наздики амниятӣ, низомӣ ва иқтисодӣ бо режими саҳюнистӣ доранд.
Дар Амрико ва бисёре аз кишварҳои аврупоӣ афкори умумӣ, ба вижа пас аз наслкушӣ дар Ғазза ба шиддат аз Фаластин ҳимоят мекунанд. Амрико ва давлатҳои ғарбӣ барои ҳифзи зоҳир ва намоиши ҳамешагии дифоъ аз ҳуқуқи башар гоҳе барои посух ба ин фишорҳо, мавозеи намодин иттихоз мекунанд, аммо дар амал иқдоме ҷиддӣ ва таъсиргузор анҷом намедиҳанд. Дар Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ лобиҳои қудратманди тарафдори режими саҳюнистӣ нақши муҳиме дар шаклдиҳӣ ба сиёсати хориҷӣ доранд. Ин лобиҳо монеъ аз иттихози мавозеи ошкор дар ҳимоят аз Фаластин мешаванд.
Мавозеи Амрико ва кишварҳои ғарбӣ дар қиболи ҷанги Ғазза низ аз диди бисёре аз таҳлилгарон ва ниҳодҳои мустақил, фоқиди садоқату шаффофият аст, ки ин бесадоқатӣ на танҳо дар гуфтор, балки дар рафтори сиёсӣ ва дипломатии онҳо низ ошкор аст. Кишварҳои ғарбӣ аз як сӯ ҷиноёти режими саҳюнистиро маҳкум мекунанд, аммо аз сӯи дигар ҳамчунон кумакҳои моливу низомӣ ба ин режим ироа медиҳанд.
Амрико борҳои қатъномаҳои Шӯрои Амният дар бораи оташбас ё ирсоли кумакҳои инсонӣ ба Ғаззаро вето кардааст, дар ҳоле ки муддаии дифоъ аз ҳуқуқи башар аст. Муттаҳидони ғарбии режими саҳюнистӣ, аз ҷумла Амрико аз ҳаққи дифоъ барои режими саҳюнистӣ сухан мегӯянд, дар ҳоле ки бар асоси қавонини байналмилалӣ, ишғолгар аз ҳеҷ ҳаққе бархӯрдор нест. Ҳимояти беқайду шарт аз режими саҳюнистӣ боис шуда эътибори Ғарб дар дифоъ аз ҳуқуқи башар зери суол биравад ва хашми ҷаҳониро барангезад.
Кишварҳои ғарбӣ дар ҳоле ки ба зоҳир иддаои ҳимоят аз фаластиниёну сокинони Ғаззаро доранд, аммо дар моҳҳои ахир аз ҳар абзоре барои ҷилавгирӣ аз ифшои ҳақиқат дар бораи ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ истифода кардаанд. Коршикании Ғарб дар ҷанги Ғазза абъоди бисёр густардае дорад, аз монеътарошӣ дар заминаи ирсоли кумакҳои башардӯстона то коршиканӣ дар масири оташбас, тейфи густардае аз иқдомот сурат гирифта то режими саҳюнистӣ ба аҳдофи шуми худ бирасад.
Ҳар нишасте дар ниҳодҳои байналмилалӣ аз Шӯрои Амният гирифта то Созмони Милал ва Маҷмаи Умумӣ бо эҷоди ихлоли Амрико ва муттаҳидони ғарбии режими саҳюнистӣ ҳамроҳ шудааст. Амрико дар чанд нишасти Шӯрои амният аз тасвиби қатъномаҳо дар бораи ҷанги Ғазза ҷилавгирӣ ва онҳоро вето кард. Зеро Вашингтон муддаӣ аст, ки ҳар иқдоме дар заминаи оташбас метавонад ба тақвияти Ҳамос мунҷар шавад. .
Амрико ва давлатҳои ғарбӣ аз як сӯ худро ҳомии мардуми Ғазза медонанд, ба зоҳир ибрози нигаронӣ кардаву баёния содир мекунанд, аммо дар пушти парда тавофуқҳои таслеҳотии бештаре бо режими саҳюнистӣ баста мешавад. Кумакҳо афзоиш меёбад ва мақомоти ғарбӣ барои дидор бо кабинаи режими саҳюнистӣ ба арозии ишғолӣ сафар мекунанд.
Дар шароите ки Амрикову Ғарб ва ба вижа муттаҳидони аврупоии Кохи Сафед ба ҳимоятҳои густардаи худ аз режими саҳюнистӣ идома медиҳанд, тарҳи мавзӯи ба расмият шинохта шудани кишвари мустақили фаластинӣ рӯйкарде таблиғотӣ барои фирор аз фишори афкори умумӣ дар ин кишварҳо ва сатҳи ҷаҳонӣ аст. Озодихоҳону ҳомиёни Фаластин ҳеҷгоҳ мавзеъгириҳову намоишҳои таблиғотии мақомоти ғарбӣ дар мавриди Фаластинро намепазиранд. Зеро ин давлатҳо шарики ҷиноёти саҳюнистҳо дар Ғазза ҳастанд.