Январ 27, 2017 19:41 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими колоҳои амрикоӣ дар Мексика

Маърака (пуйиш)-и таҳрими хариди колоҳо ва маҳсулоти амрикоӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ дар Мексика роҳандозӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, маъракаи таҳрими колоҳои амрикоӣ бо эҷоди гурӯҳ (ҳуштаг)-и “Худо ҳофиз_Старбакс” (Goodbye Starbucks) дар расонаҳои иҷтимоии Мексика оғоз шуда ва қарор аст маҳсулоти дигар ширкатҳои амрикоӣ монанди “Макдоналд, KFC, Walmart ва Home Depot низ ба он изофа шавад.

Мубтакирони роҳандозии ин маъракаи иҷтимоӣ аз мардуми Мексика даъват кардаанд то ба ҷойи хариди колоҳо ва тавлидоти амрикоӣ, маҳсулоти сохти Мексикаро интихоб ва харидорӣ кунанд.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико пеш аз ин тарҳи сохти девори марзӣ бо Мексикаро ироа дода ва дар таблиғоти интихоботии худ ихроҷи муҳоҷирони мексикоиро хостор шуда буд.

Ба думболи ироаи тарҳи Трамп, Энрике Пеня Нето, раиси ҷумҳурии Мексика барномаи сафари худро ба Амрико барои дидор бо Трамп ва музокира дар бораи муҳоҷират ва тиҷорат лағв кард.

 

Барчасп