Ибрози нигаронии Шӯрои амнияти Созмони милал аз ноамнӣ дар Афғонистон
(last modified Thu, 02 Mar 2017 12:16:33 GMT )
Март 02, 2017 17:16 Asia/Dushanbe
  • Ибрози нигаронии Шӯрои амнияти Созмони милал аз ноамнӣ дар Афғонистон

Шӯрои амнияти Созмони милал ҳамалоти террористии Афғонистонро маҳкум кард.

Ба гузориши ИРНА, бар асари ду инфиҷори террористии дирӯз дар наздики марокизи муҳими низомии шаҳри Кобул 22 тан кушта ва беш аз сад нафари дигар захмӣ шуданд.

Толибон масъулияти ин ду инфиҷорро ба ӯҳда гирифтааст.

Дар пайи ин ҳаводиси террористӣ, понздаҳ узви Шӯрои амнияти Созмони милал бо ибрози нигаронӣ аз вахомати авзои амниятӣ дар Афғонистон, аз ҷумла Кобул, бар боздошт ва муҳокимаи омилони ин гуна ҳамалоти террористӣ ва низ ҳомиёни молии ин гурӯҳҳо таъкид карданд.

Аъзои Шӯрои амният бо ибрози ҳамдардӣ ва таслият ба хонаводаҳои қурбониён ва миллату давлати Афғонистон, эълом карданд, иттиҳоди миллати Афғонистон танҳо роҳи ғолиб омадан ба мушкилоти кунунии ин кишвар аст.

Ибрози нигаронии аъзои Шӯрои амнияти Созмони милал аз идомаи ноамнӣ дар Афғонистон дар ҳолест, ки бархе аз аъзои ин шӯро бо ҳимояти молӣ ва низомӣ аз гурӯҳҳои мухолифи давлати Кобул дар ноамнии Афғонистон дахолат доранд.