Кремл торихи дидори эҳтимолии Путин ва Трампро эълом кард
(last modified Mon, 13 Mar 2017 12:13:14 GMT )
Март 13, 2017 17:13 Asia/Dushanbe
  • Кремл торихи дидори эҳтимолии Путин ва Трампро эълом кард

Сухангӯи Кремл аз эҳтимоли нахустин дидори Владимир Путин ва Доналд Трамп дар авоили моҳи июл дар Ҳамбурги Олмон хабар дод.

Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии СНН -и Амрико гуфт, метавонем пешбинӣ кунем, ки раисони ҷумҳурии Русия ва Амрико ҳамзамон бо нишасти гурӯҳи G20 , ки аввали июл дар Ҳамбурги Олмон баргузор хоҳад шуд, бо якдигар дидор кунанд.

Ин дар сурате аст, ки пеш аз он, бар сари баргузории нишасте дар сатҳи сарон тавофуқе сурат нагирад. 

Песков иттиҳомоти Амрико мабгӣ бар ин ки Маскав бар интихоботи президентии Амрико дахолат доштаастро монеъе барои беҳбуди равобити ин ду кишвар донист.

Сухангӯи Кремл ҳамчунин аз руйкарди "шайтонсифат ҷилва додани Русия" ки аз солҳои гузашта дар Амрико ривоҷ ёфтааст, интиқод кард.

 

Барчасп