Март 16, 2017 20:00 Asia/Dushanbe

Ҳизби рости ифротӣ ва зидди исломии «Ҳизби озодӣ», ба раҳбарии Герт Вилдерс дар интихоботи парлумонии Ҳолланд, бо касби 19 курсӣ аз 150 курсӣ, дар баробари 31 курсии ҳизби ҳокими «Озодӣ ва демократӣ» ба раҳбарии Марк Рютте- нахуствазири Ҳолланд шикаст хӯрд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, бар асоси қавонини Ҳолланд, ҳизбе, ки бештарин курсии парлумонро касб кунад, масъули ташкили кобина аст.

Нахуствазири Ҳолланд пас аз пирӯзӣ дар интихоботи парлумонии ин кишвар эълом кард, ҳолландиҳо баъд аз Брегзит (хурӯҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо) ва пирӯзии Донлад Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, ба ин гуна афкори авомфиребона "на" гуфтанд.

Аврупо чашминтизори натоиҷи интихоботи Ҳолланд буд, чаро, ки дар сурати пирӯзии тундравҳои рости ифротӣ дар ин кишвар, баъд аз Брегзит дуввумин шок ба Иттиҳоди Аврупо ворид мешуд.

Ин натиҷа, эҳтимоли шикасти аҳзоби рости ифротӣ дар интихоботи Фаронса ва Олмонро низ баъд аз ин фароҳам мекунад.

Мизони мушорикати мардум дар интихоботи парлумонии рӯзи чаҳоршанбеи Ҳолланд 81 дарсад, эълом шудааст.

 

Барчасп