Чин: Ҳар касе ҷангро шурӯъ кунад, баҳояшро мепардозад
Дар пайи ташдиди танишҳо дар шибҳиҷазираи Корея вазири умури хориҷии Чин дар бораи ба роҳ андохтани ҷанг дар ин минтақа ҳушдор дод.
Ба гузориши хабаргузории “Рейтерз”, Ванг И, вазири умури хориҷии Чин рӯзи ҷумъа дар нишасти хабарии муштарак бо Жан-Марк Эро, вазири умури хориҷии Фаронса дар Пекин гуфт, набояд гузошт, авзоъ дар шибҳиҷазираи Корея дар масири баргаштнопазир пеш равад. Вазири умури хориҷии Чин, ки дар вокуниш ба таҳдидҳои ҷадиди Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико алайҳи Пхенян сухан мегуфт, таъкид кард, ҳар касе, ки муноқишаеро дар шибҳиҷазираи Корея эҷод кунад, бояд масъулияти таърихӣ ба уҳда бигирад ва баҳои онро бипардозад. Вонг аз Пхенян ва Вашингтон хост аз ҳар гуна иқдоми таҳрикомез, таҳдиди лафзӣ ё амалӣ алайҳи якдигар парҳез кунанд ва иҷоза надиҳанд, авзоъ аз контрол хориҷ шавад.
Муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ низ имрӯз дар мусоҳиба бо “Ассошейтед пресс” Даналд Трампро ба тақвияти он чӣ, ки ӯ «чархаи шаруронаи танишҳо» дар шибҳиҷазираи Корея хонд, муттаҳам карда гуфт, тавтеаҳои таҷовузгаронаи Трамп дардисарсоз шудаанд. Ҳон Сан Роил афзуд, кишвараш ҳаргиз дар мувоҷиҳа бо ҳамлаи пешгиронаи Амрико дасти баста нахоҳад нишаст.
Изҳороти муовини вазири умури хориҷии Кореяи Шимолӣ дар ҳоле баён мешавад, ки танишҳо дар шибҳиҷазираи Корея бо иқдомоти ахири Амрико, аз ҷумла эъзоми як киштии ҳавопаймобар ва ду киштии мушакандоз ба обҳои шибҳиҷазираи Корея ва даст задан ба бузургтарин мановери низомии муштарак дар ин минтақа шиддат ёфтааст. Расонаҳои амрикоӣ бо интишори тасвирҳои моҳвораӣ эълом кардаанд, Кореяи Шимолӣ худро барои як озмоиши ҳастаӣ омода мекунад.