Апрел 17, 2017 15:33 Asia/Dushanbe
  • Дар баёнияи ИА аз давлати Туркия хоста шуда то нигарониҳову тавсияҳои Шӯрои Аврупо ва идомаи ҳолати фавқуллодаро мадди назар қарор диҳад.
    Дар баёнияи ИА аз давлати Туркия хоста шуда то нигарониҳову тавсияҳои Шӯрои Аврупо ва идомаи ҳолати фавқуллодаро мадди назар қарор диҳад.

Иттиҳоди Аврупо рӯзи якшанбе ба натоиҷи ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Туркия вокуниш нишон дод.

Жан Клод Юнкер, раиси Камиссиюни Иттиҳоди Аврупо, Федерико Могерини, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Йоҳоннес Ҳон, комиссари густариши Иттиҳоди Аврупо дар баёнияи муштараке аз мақомоти турк хостанд, ки бо тавваҷуҳ ба наздикии орои мусбату манфӣ дар ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосӣ ва паёмадҳои амиқи он, ба дунболи иҷмои миллии густардае бошанд.

Дар ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Туркия мардуми ин кишвар бо 51, 2 дарсади раъйи мувофиқ ва 48, 7 дарсад раъйи мухолиф, бо тағйирот дар ин замина эъломи мувофиқат карданд. Албатта ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеа эълом карда, ки ба он чизе ки интизор доштааст, даст наёфтааст ва аҳзоби мухолифи давлат низ хостори бозшумории 60 дарсади сандуқҳо шудаанд.

Натиҷаи ҳамапурсии ислоҳи Қонуни асосии Туркия, ки мақомоти Иттиҳоди Аврупо борҳо мухолифати худро бо он эълом карда буданд, на фақат шоки бузурге барои Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мешавад, балки метавон онро заминасози суръат бахшидани вогироии Туркия аз Иттиҳоди Аврупо ва ҳатто лағви комили фароянди узвияти ин кишвар дар Иттиҳоди Аврупо талаққӣ кард.

Дар воқеъ, Иттиҳоди Аврупо акнун илова бар нигарониҳои қаблӣ дар бораи ақибгардии Туркия дар масири ҳамгароӣ бо Аврупо, акнун бо масъалаи тағйири низоми Туркия аз демокративу порлумонӣ ба истибдодиву раёсатӣ мувоҷеҳ аст. Сарони ин ниҳоди аврупоӣ ба вижа нигарони афзоиши ихтиёроти раёсати ҷумҳурӣ бо ҳазфи пости нахуствазирӣ ва тағйири системаи сиёсӣ аз порлумонӣ ба раёсатӣ ҳастанд. Бо тавваҷуҳ ба ин дағдағаҳо, дар баёнияи Иттиҳоди Аврупо таъкид шуда, ки ислоҳоти Қонуни асосии Туркия ва ба вижа иҷрои малмуси ин ислоҳот дар партави тааҳҳудоти Туркия ба унвони номзади узвият дар Иттиҳоди Аврупо ва ба унвони узве аз Шӯрои Аврупо арзёбӣ хоҳад шуд. Дар ин баёния ҳамчунин аз давлати Туркия хоста шуда то нигарониҳову тавсияҳои Шӯрои Аврупо ва идомаи ҳолати фавқуллодаро мадди назар қарор диҳад.

Дар ҳоли ҳозир равобити Иттиҳоди Аврупо ва Туркия бо таниши бесобиқае мувоҷеҳ шудаву ду тараф бо  бадгумонӣ ба изҳороту мавозеи тарафи муқобил менигаранд. Мақомоти аршади Иттиҳоди Аврупо иттиҳомоти Анкара дар заминаи бетафовутии ин иттиҳод ба кудатои нофарҷоми 15-уми июли 2016 ва низ ваъдахилофии Иттиҳоди Аврупо дар бораи иҷрои тааҳҳудоте ки тибқи тавофуқномаи марти соли 2016 бар ӯҳда гирифта будро рад мекунанд ва бар мухолифат бо рӯйкарди Туркия чӣ дар заминаи тавофуқномаи марбут ба паноҳҷуён ва чӣ дар бораи ислоҳи Қонуни асосӣ ва тағйири системаи сиёсии ин кишвар таъкид меварзанд.

Аз дидгоҳи Иттиҳоди Аврупо, Эрдуғон акнун бо тавваҷуҳ ба раъйи мусбати мардуми Туркия ба тағйири Қонуни асосӣ, бо афзоиши ихтиёроти худ аз қудрати амали бесобиқае бархурдор шуда, ки заминасози эҷоди як низоми иқтидоргаро аз сӯйи вай хоҳад шуд.

 Эрдуғон акнун метавонад вазиронро мансубу барканор кунад ва аз тариқи дастуроти раёсатӣ, хостаҳову қудрати худро ба мардуми Туркия таҳмил ва ба дилхоҳи худ вазъияти изтирорӣ тасвиб кунад. Зимни ин ки бо ин тағйирот низоми қазоии Туркия дар оянда охирин бақои истиқлоли худро низ аз даст медиҳад.

Табиатан аз нигоҳи сарони Иттиҳоди Аврупо ин масъала на фақат ба маънои ақибгардии шадиди Анкара дар заминаи иҷрои хостаҳои Иттиҳоди Аврупо дар масири узвият дар ин ниҳоди аврупоӣ аст, балки ин тағйирот асосан тағйироте вопасгароёна дар арсаи сиёсӣ ва ҳукуматӣ маҳсуб мешавад.

 

Барчасп