Июн 11, 2017 17:59 Asia/Dushanbe
  • Истихдоми кӯдакони афғон дар гурӯҳи террористии ДИИШ

Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон аз истихдоми кӯдакон дар суфуфи гурӯҳҳои террористӣ бавижа ДИИШ ибрози нигаронӣ кард.

Ба иттилои хабаргузории садо ва симо, Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон бо интишори баёнияе эълом кард: Истихдоми кӯдакон дар суфуфи гурӯҳҳои террористӣ бавижа ДИИШ як амали зишт, ғайриинсонӣ ва муғойири арзишҳои исломӣ ва байналмилалӣ аст .

Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон аз ҳамаи гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳ бавижа ДИИШ хостааст, аз истихдоми кӯдакон дар суфуфи худ иҷтиноб кунанд ва беш аз ин муртакиби ҷиноят нашаванд .

Ин дар ҳолест, ки гурӯҳи ДИИШ ба тозагӣ видеоеро мунташир кардааст, ки дар он беш аз сад нафар, ки бештарашон кӯдакон ҳастанд, амалиёти низомӣ ва террористиро омӯзиш мебинанд.

Ин кӯдакон бо доштани силоҳ ва парчами сиёҳи ДИИШ дар ҳоли тамрин ҳастанд ва дар поёни ин филм бо Абубакри Бағдодӣ байъат мекунанд .

ДИИШ муддаӣ аст, ки ин навори видеоӣ дар минтақаи Мурғоб аз тавобеи устони Бодғис забт шудааст .

 

Барчасп