Август 12, 2016 19:39 Asia/Dushanbe
  • Кушта ва захмӣ шудани ғайринизомиён дар Яман

Дар ҳамалоти ҳавоии Арабистон ба манотиқи мухталифи Яман, шуморе аз ғайринизомиён кушта ва маҷрӯҳ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман, панҷшанбешаб дар ҳамалоти бомбафканҳои Саудӣ ба шаҳри Бани Ҳашиш дар устони Санъо, пойтахти Яман чаҳор ғайринизомӣ кушта шуданд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамалоти ҳавоии режими Саудӣ ба манотиқи мухталифи Санъо ҳамчунон идома дорад.

Ба гузориши шабакаи хабарии "Алмасира", устони Санъо аз бомдоди ҷумъа 20 бор ҳадафи ҳамлаи ҳавоӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳамалот шуморе аз ғайринизомиён, аз ҷумла теъдоде зану кӯдак захмӣ шуданд ва иртиботи ҷодаи Ҳадида ба Санъо низ қатъ шуд.

 

Барчасп