Интиқоди Шайх Алазҳар аз раисҷумҳури Тунис дар бораи баробарии ҳуқуқи зану мард
(last modified 2017-08-21T09:54:41+00:00 )
Август 21, 2017 14:54 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Шайх Алазҳар аз раисҷумҳури Тунис дар бораи баробарии ҳуқуқи зану мард

Изҳороти раисҷумҳури Тунис дар бораи баробарии ҳуқуқи зану мард ҳатто дар қазияи ирс, бо вокуниши тунди Шайх Алазҳар рӯ ба рӯ шудааст.

Ба нақл аз Мидел Ист Онлайн, Аҳмад Алтайиб Шайх Алазҳар бо судури баёнияе дар вокуниш ба изҳороти Беҷи Каид Эссебси, раисҷумҳури Тунис таъкид кард, вақте дар бораи мавзуе матни сареҳ вуҷуд дорад ва ин матн, ҳам дар мафҳум ва ҳам дар мавзуъ шаффофият дорад, дигар дар он мавзуи иҷтиҳод маънӣ надорад ва оёти Қуръон дар бораи ирс, мисдоқе аз ин маврид аст .

Шайх Алазҳар дар баёнияи худ бидуни онки номе аз Эссебси ё кишвари Тунис барад, эълом кард, изҳори назари динӣ мудохила дар умури дохилии кишвари дигар ба шумор намеояд .

Шайх Тайиб ҳушдор дод: Вуруди андешаҳои саркаш ба чунин ҳавзаҳое пазируфтанӣ нест ва чунин коре иҳонат ба мусулмонон ба шумор меояд, ки метавонад суботи ҷавомеаи исломиро ба ҳам бирезад.

Беҷи Каид Эссебси ҳафтаи гузашта дар суханоне дар маросими рӯзи зан дар Тунис гуфт: Кишвар ба самти ҳуқуқи баробари зану мард дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла ирс пеш меравад.

Изҳороти Эссебси сабаби бурузи ҷанҷолҳое дар дохилу хориҷи Тунис шуда, аммо Усмон Батайх, муфтии ин кишвар аз суханони раисҷумҳур ҳимоят кардааст .