Август 26, 2017 13:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши сарони тоҷики Афғонистон ба суханони Ҳикматёр дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд

Изҳороти Гулбиддин Ҳикматёр алайҳи Аҳмадшоҳи Масъуд, ки вайро ба иртибот бо Толибон ва Созмони иттилооти артиши Покистон муттаҳам кард, бо вокуниши тунди тоҷикҳои Афғонистон мувоҷеҳ шуд.

Ба гузориши сайти “Эрон - Шарқӣ”, Гулбиддин Ҳикматёр чанде пеш дар миёни ҳаводорони худ дар Кобул аз Эътилофи Наҷоти Афғонистон интиқод ва дар бахше аз изҳороти худ Аҳмадшоҳи Масъудро ба робита бо Толибон ва Созмони иттилооти артиши Покистон мавсум ба ISI муттаҳам кард.

Дар вокуниш ба ин суханони Ҳикматёр, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии давлати Ваҳдати Миллии Афғонистон дар нишасти Шӯрои вазирон гуфт, уқдакушоӣ дар бораи қаҳрамонони кишвар, ки дарбадорандаи ҳақорат аст, роҳ ба ҷое намебарад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ афзуд, шаҳиди сулҳ устод Раббонӣ ва қаҳрамони миллӣ Аҳмадшоҳи Масъуд ҳофизони истиқлоли ин кишвар буданд ва таҳрифи таърих ба дасти чеҳраҳои шикастхӯрда сабаби хадшадор шудани қаҳрамонони ин кишвар намешавад.

Ато Муҳаммади Нур, волии Балх низ дар вокуниши тунд ба изҳороти ахири Ҳикматёр гуфт: “Мо аз касоне будем, ки аз тарҳи сулҳ бо Ҳикматёр ҳимоят кардем ва онро ба фоли нек гирифтем. Аммо бар хилофи интизор вай аз ибтидои таслим шудан ба ҳукумат яксара дар пайи доман задан ба масоили минтақаӣ, қавмӣ, забонӣ ва ихтилофоти салиқаӣ аст ва ба назар мерасад маъмуриятеро аз сӯйи бегонагон пайгирӣ мекунад”.

 Муҳаммадюнус Қонунӣ, аз дигар чеҳраҳои матраҳӣ қавмӣ тоҷик низ дар вокуниш ба суханонӣ ахирӣ Ҳикматёр гуфт, ин изҳорот нишон медиҳад, ки ӯ ба унвони маъмури такмили проекти нотамоми ISI ба Кобул фиристода шудааст то бо доман задан ба нифоқи миллии Афғонистонро як бори дигар ба даҳаи 70 бикашонад.

 

Барчасп