Сентябр 13, 2017 16:53 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Иттиҳоди Аврупо аз иҷрои комили тавофуқи ҳастаӣ

Иттиҳоди Аврупо ҳимояти худро аз иҷрои комили Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (Барҷом) ё ҳамон тавофуқи ҳастаии Эрон бо гурӯҳи 5+1 эълом кард.

Ба гузориши ИРНА, Иттиҳоди Аврупо рӯзи чаҳоршанбе бо судури баёнияе дар нишасти Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ таъкид кард, ин иттиҳодия мутааҳҳид ба иҷрои комили Барҷом ба унвони тавофуқи мавриди таъйиди Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид аст.

Дар севумин рӯз аз нишасти фасли Шӯрои ҳуккоми Ожонси байналмилалии энержии атомӣ, гузориши ахири Юкиё Амоно, мудири кулли ин ожонс дар бораи Эрон низ баррасӣ мешавад.

Амоно рӯзи душанбе дар оғози ин нишаст гуфт, Ожонси байналмилалии энержии атомӣ ҳамчунон пойбандии Эронро ба подмонҳо (муқаррароти назоратӣ)-и ожонс таъйид мекунад.

 Дейвид Ҳоуел, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Маҷлиси аъёни Британия низ имрӯз дар номае хитоб ба борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи ин кишвар хостори ҳимояти ошкори Лондон аз тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 шуд.

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса низ ахиран ҳимояти дубораи ин кишварро аз Барҷом мавриди таъкид қарор дод.

Раиси ҷумҳурии Амрико ҳамвора бар хилофи тарафҳои дигари Барҷом тавофуқи ҳастаиро тавофуқи ваҳшатнок хонда ва хостори барҳам задани он аст.

Ба гуфтаи Ҷим Волш, раиси Маркази таҳқиқоти амниятии Эм Ай Ти (Амрико), мушовирони Доналд Трамп аз ӯ мехоҳанд пойбандии Эронро ба иҷрои Барҷом таъйид кунад, аммо ӯ бар хилофи назари мушовиронаш хурӯҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаиро хостор аст.

 

Барчасп