Ҳимояти қотеи сафирони аврупоӣ аз БАРҶОМ дар Швейтсария
(last modified 2017-10-04T14:54:03+00:00 )
Октябр 04, 2017 19:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти қотеи сафирони аврупоӣ аз БАРҶОМ дар Швейтсария

Мақомоти панҷ кишвари аврупоӣ дар Швейтсария бар аҳаммияти тадовуми БАРҶОМ ба унвони як тавофуқи байналмилалӣ ва тавсеаи заминаҳои ҳамкорӣ бо Эрон таъкид карданд.

Сафирони панҷ кишвари Британия, Белгия, Дания, Полша ва Ҳолланд имрӯз дар Маҷмаи Эрону Аврупо дар Сюрих, барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ)-ро як тавофуқи муҳими байналмилалӣ донистанду таъкид карданд, ки ҳамаи тарафҳо бояд ба иҷрои он идома диҳанд .

Тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи панҷи ба иловаи як (Британия, Фаронса, Русия, Чин, Амрико ва Олмон) аз январи 2016 иҷроӣ шудааст, аммо Амрико ба унвони яке аз аъзои ин гурӯҳ ҳамвора дар иҷрои БАРҶОМ бадаҳдӣ мекунад .

Николас Ҳоптон, сафири Британия дар Эрон низ дар Маҷмаи Эрону Аврупо гуфт, Лондон мутааҳҳид ба муваффақияти БАРҶОМ аст ва ба ройзаниҳои худ дар хусуси мазоёи ин тавофуқи байналмилалӣ ва зарурати ҳифзи он, идома хоҳад дод.

Маҷмаи Эрону Аврупо (EIF) чаҳор соли пеш бо ҳадафи тақвият ва ҳимоят аз дипломатияи тиҷории байни Эрону ғарб таъсис шуд .

Ин маҷмаъ, фурсати муҳиме барои табодули иттилоот, шабакасозӣ ва эҷоди равобити кории байни мақомот ва мудирони бахшҳои мухталифи тиҷорӣ ва санъатӣ бо сиёсатгузорон ва ҳамчунин фурсате барои гирдиҳамоии солонаи мақомоти аршади тиҷорӣ, давлатӣ ва ҷомеаи мадании мутааҳҳид ба тавсеаи иқтисодии Эрон фароҳам месозад.

Чаҳорумин нишасти Маҷмаи Эрону Аврупо аз рӯзи гузашта дар "Grand Hotel Dollar”-и Сюрих оғоз шуд .

 

Барчасп