Эҳтимоли ихроҷи 150 корманди марказҳои дипломатии Амрико дар Русия
(last modified Sun, 15 Oct 2017 10:27:44 GMT )
Октябр 15, 2017 15:27 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ихроҷи 150 корманди марказҳои дипломатии Амрико дар Русия

Маскав эълом кард, дар посух ба рӯйкардҳои зиддирусии Амрико, ихроҷи 150 нафари дигар аз коркунони марказҳои дипломатии ин кишвар дар Русияро баррасӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Георгий Борисенко раиси идораи Амрикои Шимолии вазорати умури хорҷаи Русия гуфт, Маскав дар посух ба иқдомоти ғайридӯстонаи Амрико, баробар шудани теъдоди коркунони марказҳои дипломатии ду кишварро то 300 нафар хостор аст.

Борисенко бо ишора ба инки дар умури дипломатӣ, асли хадшанопазири "иқдоми мутақобил" вуҷуд дорад, гуфт: Тарафи амрикоӣ аз ин асл огоҳ аст ва агар онҳо ғайрдӯстона бо Русия рафтор мекунанд, яъне бо асли иқдоми мутақобил мувофиқанд.

Русия ду моҳ пеш низ аз Амрико хост, теъдоди коркунони марказҳои дипломатии ду кишварро ба сатҳи баробари 455 нафар бирасонад.

Амрико низ дар охирин иқдомоти дипломатии зидди русӣ, парчами Русияро аз сохтмонҳои марказҳои консулии басташудаи ин кишвар поин кашид.

 

Барчасп