Август 20, 2016 16:45 Asia/Dushanbe
  • Решаҳои амиқ ва торихии равобити Эрон ва Туркия

Вазири умури хориҷаи Туркия барои пайгирии тафоҳумҳо ва ройзаниҳои ба амал омада бо Эрон дар сафари ҳафтаи гузаштаи вазири умури хориҷаи Эрон ба Анкара, дирӯз сафари кӯтоҳе ба Теҳрон дошт.

Ба гуфтаи Баҳроми Қосимӣ, сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон, Мавлуд Човуш Уғлу, вазири умури хориҷаи Туркия дар сафари кӯтоҳ ба Теҳрон бо Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ройзанӣ ва дар мавриди охирин таҳаввулоти минтақа ва равобити дуҷониба баҳсу гуфтугӯ кард.

Дар сафари ҳафтаи гузаштаи Зариф ба Анкара ва музокироти чанд соатаи ӯ бо раисҷумҳур ва соири мақомоти олирутбаи Туркия тафоҳум шуд, ду кишвар батаври мустамар чи ба сурати расмӣ ва ҳатто ғайрирасмӣ гуфтугӯҳои фишурда ва мустамарреро дар ашкол ва сутуҳи мухталиф байни мақомоти ду кишвар дошта бошанд.

Дар ҳамин росто қарор аст, дар ояндаи наздик низ дидорҳои мутааддиде ба сурати фишурда дар сутуҳи мутафовит байни мақомоти олии ду кишвари Эрон ва Туркия баргузор шавад.

Човуш Уғлу рӯзи ҷумъа дар Деҳлии Нав, сафар ба Теҳронро бисёр муфид донист ва гуфт: Эрон ва Русия нақши муҳиме дар минтақа бозӣ мекунанд ва Туркия ҳам омодаи ҳамкорӣ дар ростои ифоии як нақши созанда аст.

Равобити Туркия ва Эрон бар решаҳои амиқи торихӣ ва арзишҳои муштараки фаровоне устувор аст, аз ин рӯ, усулан равобити ду кишвари мустақил аз тағйири давлатҳо ҳамвора дар масире наздик ба якдигар пеш рафтааст, зеро байни қалбҳои ду миллат пайванде дӯстона вуҷуд дорад.

Мавозеи ҳимоятии Эрон аз давлат ва миллати Туркия пас аз вуқуи кудатои нофарҷом дар ин кишвар (15-и июл) низ нишонаи дӯстии ду кишвар ва нишондиҳандаи дидгоҳи муштараки мақомоти Эрон ва Туркия дар қиболи авомили ноамнкунанда дар минтақа аст.

Густариши равобит бо ҳамсоягон ҳамвора барои тамоми кишварҳо амре муҳим маҳсуб мешавад ва давлати ёздаҳуми Эрон низ аз ибтидо аҳаммияти вижае барои ин амр қоил будааст.

Дар ҳамин росто равобити Эрон бо Туркия аз аҳаммияти зиёде бархурдор аст ва бо таваҷҷуҳ ба инки ду кишвар пешинаи қавӣ ва муштаракоти зиёд доранд, раисони ҷумҳурии ду кишвар тасмим бар он гирифтанд, ки равобити дуҷонибаро густариш диҳанд.

Густариш ва тақвияти равобити мустаҳкам байни Туркия ва Эрон бо вуҷуди убур аз озмунҳои ношӣ аз вазъияти мавҷуд дар минтақа, дар давлати ёздаҳуми Эрон низ тадовум ёфта ва ба созу кори ҷадиде даст ёфтааст.

Ба назар мерасад, бо фароҳам шудани бистарҳои муносиб гомҳои муассире барои равобити ояндаи Эрон ва Туркия бардошта шавад ва хости масъулони ду кишвар барои афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории дуҷониба то 30 миллиард доллар амалӣ шавад.

Мутаассифона дар чанд соли гузашта минтақа дастхуши таҳаввулоти густардае шуд ва масоили террористӣ ва ифротигар аз дағдағаҳое башумор меравад, ки барои тамоми кишварҳои минтақа ва ҳатто сатҳи байналмилал эҷод кардааст.

Ҷумҳурии исломии Эрон баунвони кишваре босубот ва бонуфуз, ки дар ҳамаи масоили минтақа ашроф дорад, дар ҳавзаи сиёсати хориҷӣ мавозеи қобили қабулеро дунбол мекунад ва бар ҳамин асос кишварҳои минтақа ва ҳатто кишварҳои ғарбӣ умед доранд, ки бо кумаки Эрон битавонанд то ҳадде авзои минтақаро субот диҳанд.

Ёдовар мешавад, давлатҳои Туркия ва Эрон ихтилофи назарҳои худ дар бархе масоили минтақаӣ ва дар раъси он дар буҳрони Сурияро ба равобити дуҷонибаи худ мунъакис накарда ва дар сояи руйкарди худ мабнӣ бар ҳалли ин масоил аз тариқи ҳамкорӣ ва гуфтугӯ тавонистаанд, бозтобҳои манфии ин буҳронҳо бар равобити дуҷонибаро таҳти контрол қарор диҳанд.