Апрел 21, 2018 12:27 Asia/Dushanbe
  • Ташкили гурӯҳи зидди русӣ дар Парлумони Британия

Парлумони Британия гурӯҳи ҷадиде барои муқобила бо Русия ташкил дод.

Гурӯҳ зидди русии Парлумони Британия аз намояндагони шаш кумитаи бонуфузи Парлумони Британия аз ҷумла руасои кумитаи дифоӣ, умури хориҷӣ, дороӣ ва амнияти миллӣ ташкил шудааст.

Дар гурӯҳи ҷадиди зидди русии Парлумони Британия, намояндагони кумитаҳои дигаре ҳамчун умури кишвар, фарҳанг, расона ва умури рақамӣ низ ҳузур доранд.

Гурӯҳи зидди русии Парлумони Британия аввалин нишасти моҳонаи худро чаҳоршанбеи гузашта дар парлумон баргузор кард.

Дар ин нишаст, ширкаткунандагон талош карданд, то тасвири комиле аз таҳдидҳои билқувваи Маскав алайҳи Лондон тарсим кунанд.  

Ба назар мерасад, ташкили ин гурӯҳ дар чорчуби талошҳо ва иқдомоти зидди русии Британия сурат гирифтааст.  

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия тасреҳ кардааст:

“Инки равобити ду кишвар аз сатҳи хубе бархурдор нест, мавзуи маҳрамонае нест”.

Ба гуфтаи Лавров, ин мавзуъ ба рафтори Маскав иртибот надорад.  

Ба гуфтаи Леонид Ринк, коршиноси химиявӣ, Русия дар заминаи масмумияти Скрипал ҳеҷгуна манфиате надорад.

Леонид Ринк муътақид аст:

“Русия наметавонист дар чунин мавқеияти ҳассосе яъне бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол ба чунин иқдоме мубодират кунад”.  

Мақомоти Британия аз нақши муҳим ва сарнавиштсози Русия дар заминаи масоили байналмилалӣ ба хусус дар бораи буҳрони Украина ва буҳрони Сурия огоҳ ҳастанд.

Мақомоти Британия медонанд, ки ҳаргуна иқдоме барои хотимаи ин буҳронҳо бидуни ризоят ва ҳимояти Русия натиҷабахш нахоҳад буд.

 

 

 

 

 

Барчасп